Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ҚАРЗИ ВИҶДОНӢ ВА НОМУСИ ВАТАНДОРИСТ!
ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ҚАРЗИ ВИҶДОНӢ ВА НОМУСИ ВАТАНДОРИСТ!11-09-2022, 15:51. Разместил: admin |
Дар ҳамин радиф хидматҳои шоёни сарбозон ва афсарони шуҷои Ватан, афзун гардидани сафи довталабони ҷавон ба хизмати ҳарбӣ, баъзе нохалафону хоинони миллат барои амалӣ намудани ҳадафҳои пасту разил ва нопоки худ ҳар гуна иттилои бардурӯғро дар байни мардум паҳн месозанд. Ин дар ҳолест, ки ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси миллати тоҷик хуб медонад, ки мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аст.
Агар ба саргаҳ ва бунёди фарҳангии хеш назар намоем, маъмуламон мегардад, ки ҳифзи Ватан ва марзу буми он яке аз арзишҳои меҳварии авастоӣ ба ҳисоб меравад. Махсусан дар матнҳои авастоӣ мафҳумҳои аз қабили немания – аъзои оила, висия - эзидон, шаҳр, фравашиҳо – фариштаҳои кишвар, вира - мард, сарбоз, нафа – иттиҳод, вис – маънии масканро дорад, ки онҳо мавриди ситоиш қарор мегиранд. Дар осори баъдӣ, махсусан дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ Ватану ватандорӣ, ҳифзи он, муқобилият ба бегонагон яке аз мавзуъҳои меҳварӣ ба ҳисоб рафта, ҳанӯз аз қисми асотирии "Шоҳнома" муҳим будани Ватану ватандорӣ, зодгоҳ, дифои қаламрав бисёр муҳим арзёбӣ мешаванд. Дар қисми дувуми он низ ҳамагуна паҳлавонӣ, сипоҳдорӣ ва сипаҳсолорӣ, яъне ба тарзи дигар, бахши қаҳрамонии он ин қаҳрамонӣ намудан ба сарзамину Ватанро дорад. Ин ҳама бозгӯкунандаи он аст, ки арзиши ватандорӣ ва номуси диёрдорӣ ҳамеша барои мардуми мо ва барои фарҳанги миллиамон ниҳоят муҳим ба ҳисоб мераванд. Пас аз "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ то ибтидои асри XX тамоми донишмандону шоирон ва нависандагони мо ин мавзуъро ситоиш кардаанд ва барои пояндагии ин марз ва ин фарҳанг бо сухан, шеър, мусиқӣ ва илм кӯшиш ба харҷ додаанд.
Дар тули таърих миллатҳо ва давлатҳо ҳамеша барои ҳифзу бақои худ тавсия додани манофеашон аз артиш ва ниҳодҳои ҳарбию амниятӣ кор гирифтаанд. Дар ҷаҳони имрӯз низ артиш ҳамчун яке аз муҳимтарин рукнҳои давлату давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, муайянкунандаи бартарияти миллату давлат ва қудрати он ба ҳисоб меравад. Артиши миллии Тоҷикистон артиши нисбатан ҷавон, зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ бошад ҳам имрӯз қудрат ва тавони онро дорад, ки ин марзу буми муқаддасро ҳифз намояд, зеро ҳар сокини баномуси он сарбози ин Ватани биҳиштосост.
Қобили таъкиди хос аст, ки дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир ҳар нафар сароғоз аз падару модар, омӯзгор, соҳибкор ва тамоми ниҳодҳои ҷомеаро зарур аст, то арзиши ҳифзи марзу бум, хидмати ҳарбиро ба ҳайси як мактаби мардонагию ҷасорат таблиғ намоянд. Зеро ин марзу бум ва ин давлат аз мост ва бояд онро ҳимоя намоему зарур бошад дар роҳи ҳифзи хоки сарзамини худ ҷоннисорӣ кунем. Саркашӣ кардан аз хидмат ё фирор кардан аз он, оини ҷавонмардӣ набуда, ба маънои беэҳтиромӣ зоҳир кардан ба арзишҳои ватандориву меҳанпарастист. Аз ин рӯ, ҳар ҷавон бояд андеша ва дарк намояд, ки ин мактаби мардонагиро бояд гузашт, зеро номуси ватандорӣ аз ҳифзи Модар - Ватан оғоз мегардад. Ончунон ки таъмини пайвандон вазифаи инсонии ҳар кадоми мост, таъмини ҳифзи амният ва қаламрави ин Ватан низ аз муқаддасот ва вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди сарзамин аст.
Насли имрӯзи ҷомеа бояд ин масъулият ва шинохту огоҳиро дошта бошанд, ки кору амали гузаштагон ва ба мо интиқол додани ин сарзамин аз мубориз будан ва истодагарии аҷдодони бузургамон дар баробари аҷнабиёну ғосибон буд. Аз ин рӯ, мо низ дар навбати худ вазифадорем, ки ин амонатро беосеб ва бегазанд ба наслҳои оянда мерос гузорем, то қарзи инсонию виҷдонии худро дар назди Ватану миллат сарбаландона иҷро карда бошем.
Фирдавс МИРЗОЁРОВ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Вернуться назад |