Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Баррасии лоиҳаҳо дар комиссия оид ба грантҳои хурди раиси Ноҳияи Балҷувон
Главная > Хабар > Баррасии лоиҳаҳо дар комиссия оид ба грантҳои хурди раиси Ноҳияи Балҷувон

Баррасии лоиҳаҳо дар комиссия оид ба грантҳои хурди раиси Ноҳияи Балҷувон


10-03-2017, 09:14. Разместил: admin

Тавре дар нашрияҳои ќаблӣ иттилоъ дода будем, бо дастгирии молиявии Хазинаи авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии “Маърифати шаҳрвандӣ” Лоиҳаи  “Омода кардани духтарони Балҷувон дар идоракунии давлатӣ” бо ташкили курсҳои омўзишии “Духтарон – роҳбарони ояндасоз” бо ҷалби зиёда аз 20 нафар духтарони касбу кори гуногуни ноҳия амалӣ гардида, дар доираи он ҷавондухтарони иштирокчӣ ба низоми идоракунии давлатӣ ва этикаи хизматчии давлатӣ бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа маълумотнок гардонида шуданд. Бо маќсади ҳавасмандгардонии духтарони иштирокчии курс аз тарафи Хазинаи авруосиёгии Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон (ХАОМ Тоҷикистон) озмуни грантҳои хурди раиси ноҳияи Балҷувон ва ташкилоти ҷамъиятии “Маърифати шаҳрвандӣ” эълон гардид. Барои моҳиятан баррасӣ намудани лоиҳаҳои духтарон амри раиси ноҳия дар бораи таъсиси Комиссия оид ба ҷамъбасти озмуни грантҳо таъсис дода шуд. То ин муддат аз тарафи духтарони иштирокчии курси омўзишӣ наздики 20 лоиҳа пешниҳоди Комиссия гардонида шудааст. Айни замон дар ҷаласаҳои Комиссия баррасии лоиҳаҳои пешниҳодшуда рафта истодааст ва дар сурати мутобиќати лоиҳаҳо 10 лоиҳа ба даври ҷамъбастӣ пешниҳод гардида, соҳиби грантҳои хурд гардонида мешаванд. 


Вернуться назад