Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Иштирок дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо
Главная > Хабар > Иштирок дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

Иштирок дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо


27-10-2022, 18:30. Разместил: admin

“Чорабинии имрӯза боз як имкони хуби муҳокима ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар пасманзари тағйироти геополитикии ҷаҳонӣ аст, ки ба таҳкими рушди созандаи ҳамкории байни минтақавӣ нигаронида шудааст”, таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Зимни суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, қабули Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати расондани кумак дар давраи пандемияи КОВИД-19 сипос гуфтанд.

 

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон кӯшишҳои рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, обу энергетика ва дигар масъалаҳоро, ки ба рушди устувори минбаъдаи кишварҳои мо нигаронида шудаанд, комилан дастгирӣ мекунад.

 

Зимни суханронӣ дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба имкони таҳкиму тавсеаи робитаҳои кишварҳо дар чаҳорчуби “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо” дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, нақлиётию логистикӣ, энергетика, ҳамкорӣ дар самти “нерӯи сабз”, ҷумла тавассути истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, андешаронӣ карданд.

 

Тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, афзоиши обхезӣ ва омадани сел, хушксолӣ ва таъсири манфии ин падидаҳо ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишварҳо таъсири манфӣ мерасонанд, аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки вобаста ба ҳалли онҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳои асоснок манзур намуданд.

 

Дар рафти мулоқот ҷанбаҳои мухталифи амнияти минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон, мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорони он қарор дошт.

 

Аз натиҷаи ин ҳамоиш Изҳороти муштараки матбуотии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Президенти Иттиҳоди Аврупо пахш гардид.


Вернуться назад