Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > Хоинони бо мақсади расидан ба мақсадҳои нопоки худ ба кирдорҳои нопок даст мезананд.
Хоинони бо мақсади расидан ба мақсадҳои нопоки худ ба кирдорҳои нопок даст мезананд.28-10-2022, 20:44. Разместил: admin |
Новобаста аз ҷинояту бедодгариҳо тамоми тарафдорону ҳаводорони наҳзатӣ дар давраи муайян бахшида шуданд, вале тавре таърих собит кард, садорат ва аъзои сарсахти ин ҳизби ифротӣ аз бозиҳои пасипардагӣ канор нарафтанд ва ахиран хостанд даст ба табадуллоти давлатӣ зананд. Ин гурӯҳаку гурӯҳчаҳои наҳзатӣ ҳеҷ гоҳ ба сохтори давлатӣ эътимод надоштанду надоранд ва то рӯзи манъи фаъолияташон ҳамеша дар фикри пайти муносиб буданд. Ҳоло низ бо ақидабозию ақидасозии фанатизми динӣ аз тахрибкорӣ дур нарафтаанд ва ҳамеша дар фикри нооромсозии вазъ дар кишваранд. Инро бояд донист, ки ақли солим ва тафаккури пешрафта ҳамеша ғолиб хоҳад буд. Ҳаминро бояд донанд, ки бо ин филмҳои ҷангҷӯёнаю беасос ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро мо ҳамагон имрӯзро ба хотири оянда обод мекунем ва сарҷамъ будан зери ливои сулҳу дӯстӣ ва муттаҳидӣ атрофи сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳаки асосии ҳама муваффақиятҳост. Мо ҷавонони саодатманд, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ ва таҳсил карда истодаем, бояд бо шукргузорӣ дар пайи ватансозӣ бошем ва ба иғвову дасисаҳои миллаткуши ин хоинону асолатботагон дода нашавем.
Сафархони М. Вернуться назад |