Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ
Главная > Хабар > Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ

Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ


28-10-2022, 21:03. Разместил: admin

Сарони кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ гузориши Дабири кулли созмонро дар бораи натиҷаи кори Ҳайати Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Ҷумҳурии Арманистон аз 15 то 24 сентябри соли 2022 шуниданд.

 

Дар рафти иҷлосия аҳамияти таҳкими тадбирҳои сиёсӣ ва дипломатӣ барои ба эътидол овардани вазъ ва беҳбуди вазъият дар минтақаи амнияти дастҷамъӣ дар Қафқоз, аз ҷумла дар асоси изҳороти сеҷонибаи сарони давлатҳои Русия, Арманистон ва Озарбойҷон таъкид шуд.

 

Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азми Тоҷикистонро барои идомаи риояи уҳдадориҳои шарикии худ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бори дигар таъкид карда, зарурати андешидани тадбирҳои муассирро дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ барои рушди минбаъдаи низоми вокуниш ба бӯҳрон зикр намуданд.

 

Аз рӯи натиҷаҳои иҷлосия сарони давлатҳо ба Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дастур доданд, ки кор дар самти татбиқи тадбирҳои мусоидат ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар ба эътидол овардани вазъ дар марзи Арманистону Озарбойҷонро идома диҳад.


Вернуться назад