Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР БАЛАНДБАРДОРИИ ХУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР БАЛАНДБАРДОРИИ ХУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН5-11-2022, 18:58. Разместил: admin |
Аҳолии бечора дар чунин лаҳзаҳои сахт аз ҳама бештар азият медид. Зиндагӣ дар он рӯзҳои мудҳиш, махсусан барои занон бисёр душвор буд. Зеро дар аксарияти хонавода мардон бекор монда буданд ва бори асосии зиндагӣ ба сари занон фаромада буду ягон ҳуқуқи онҳо ҳимоя намешуд. Албатта, вақте, ки вазъияти ҷамъиятиву сиёсӣ ноором бошад, дар бораи кадом ҳуқуқҳо гап задан имкон дорад? Дар ҷомеаи ноором натанҳо ҳуқуқҳои зан, балки ҳуқуқи инсон поймол мешвад.
Хушбахтона, бахт ба рӯйи миллати тоҷик хандиду 16 ноябри соли 1992дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Маҳз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ, муайян намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа барои солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Чунки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Ҳамзамон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳое баppасӣ шуданд ва қаpоpҳое қабул шуданд, ки минбаъд вазифаи асосиву сарнавиштсозро иҷро намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сарнавишти Ватани мо ва миллати тоҷик, раҳоӣ аз фоҷиаи миллӣ ва вартаи ҳалокату нобудӣ, муайян намудани роҳи сулҳу оштӣ ва рушди устувори мамлакат нақши ҳалкунанда бозид, дар миёни 197 нафар вакили дар иҷлосия иштирокнамуда ҳафт нафар зан чун вакили Шӯрои Олӣ ширкат варзиданд ва дар муҳокима ва қабули қарорҳои сарнавиштсози миллат саҳми худро гузоштанд.
Боиси зикр аст, ки масъалаи беҳбудии шароити кору зиндагии занон аз рӯзҳои аввали ба ҳайри Раиси Шӯрои олӣ интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи ин марди хирад қарор дошт.
Бо саъю кӯшиши Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Пешвои муаззами миллат масъалаи баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, ҳалли муаммоҳои иқтисодию иҷтимоии модару кӯдак, таъмини иштироки ҳарчӣ бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарангӣ ва идоракунии давлат ба яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлат табдил ёфт ва чораҳои мушаххас андешида шуд. Пеш аз ҳама дар назди Ҳукумат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои онро таъсис дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда, ҳануз 27-уми декабри соли 1993-юм “Созишнома оид ба барҳам додани ҳама гуна намудҳои маҳдудияти ҳуқуқи занон”-ро имзо кард.
Яъне, аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ дар ҷумҳурии мо нисбати занон ягон маҳдудияте вуҷуд надорад ва ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ аз он иборат аст, ки барои занҳо ва мардон имкониятҳои баробар дастрас бошанд.
Ҳамин тавр қабул ва дар амал татбиқ шудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан барои солҳои 1998-2005”, (10.09.1999 № 363), “Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи квотаи Президентӣ барои солҳои 2001-2005” (19.04.2001), Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010” (8.08.2001, № 391), Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону ҷавондухтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” (29.05.2010, № 269) ва даҳҳо санадҳои дигар ба фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи зани тоҷик, беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар тамоми 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин кишвари пурқудрат ҳамагӣ 4 нафар зан вазифаи вазириро ба ӯҳда доштанд. Дар сатҳи баланди роҳбарии замони Шӯравӣ танҳо 0,5% занон буданд. Дар Тоҷикистони Шӯравӣ низ шумораи вазирзанон ангуштшумор буд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ана ҳамин оморҳоро таҳлил намуда, аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Раиси Шурои олӣ интихоб гардиданаш дар масъалаи ҷалби занон дар ба таҳсил ва идоракунии давлат талошҳо намудааст.
Дар ин ҷода яке аз иқдомҳои шоистае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1997 анҷом доданд, таъсиси Квотаи президентӣ маҳсуб меёбад. Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки духтарон аз ноҳияҳои дурдаст ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дохил гарданд ва барои рушду инкишофи ҷомеа хизмати арзанда намоянд. Аз оғози қабули довталабон тибқи Квотаи президентӣ 25 сол сипарӣ гардид, ки то ин дам ҳазорон нафар ба ин васила муассисаҳои олии кишварро хатм карда, дар пешбурди хоҷагии халқ хизмати босазо доранд. Айни ҳол аксарияти духтарони ноҳияҳои дурдаст, ки тибқи Квотаи президентӣ ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷалб шудаву соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд, дар муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ фаъолона кору фаъолият намуда, дар рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон саҳм гузошта истодаанд.
Хуллас, дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми хосса дорад. Имрӯзҳо занони тоҷик дар ҳама соҳаҳо, хусусан дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали сарвазир, вазир, муовинони вазир, раисони кумитаҳо ва муовинони онҳо, вакили маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагон, судяҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони раис ва дигар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолияти назаррас доранд ва шумораашон низ кам нест. Дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кори бонкӣ аксарияти кормандонро занон ташкил медиҳанд, ки шумораашон хелло зиёд аст.
Дар ҷавоб ба ин ҳама дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, занонро мебояд, дар таҳсилу донишандузӣ ва илмомӯзиву азхудкунии касбҳо сайъу талоши худро дучанд намуда, дар рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвари биҳиштосоямон Тоҷикистон саҳми арзанда гузорем!
Сайёҳат МИРЗОЕВА, донишҷӯйи курси сеюми факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбии Академия Вернуться назад |