Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > КОНСТИТУТСИЯ -РОҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН
КОНСТИТУТСИЯ -РОҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН6-11-2022, 13:50. Разместил: admin |
Агар ба заминаҳои сиёсӣ - ҳуқуқии таҳаввулоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигарем, ҳанӯз дар марҳилаи тосоҳибистиқлолӣ барои таҳияи Конститутсия кӯшишҳои зиёд буд. Вале, танҳо пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва интихоби роҳбарияти нави ҷумҳурӣ кор дар ин самт натиҷабахш гардид. 30 сентябри соли 1993 бо Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории Комиссия оид ба таҳия намудани лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа созмон ёфт. Ҳайати комиссия аз 60 нафар иборат буд, ки дар он роҳбарони сохторҳои давлатӣ, арбобони давлативу ҷамъиятӣ, шахсони сиёсӣ, намояндагони илму маориф, санъат ва адабиёт шомил буданд.
Натиҷаи роҳнамоӣ ва тадбирҳои судманди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шуд. Зимни муҳокимаи лоиҳа, ки бештар аз ду моҳ тӯл кашид, зиёда аз ҳашту ним ҳазор пешниҳодҳо ба Шӯрои Олӣ ворид гардиданд. Чунин шумораи зиёди пешниҳодҳо аз он далолат мекард, ки халқи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва махсусан, доираҳои сиёсию намояндагони ҳизбу ҳаракатҳо оид ба мазмун ва муҳтавои Конститутсия фаҳмиши ягона надошта, хостаҳояшон низ гуногун буданд. Масалан, танҳо атрофи номи ин санади олии ҳуқуқӣ, ки он бояд «Конститутсия», «Сарқонун» ё «Қонуни Асосӣ» номида шавад, баҳсу мунозираҳои доманадор сурат гирифтанд.
6 ноябри соли 1994 дар 64 ҳавзае, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ташкил шуда буд, маъракаи муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар раъйпурсӣ 2 миллиону 535 ҳазору 437 нафар ё худ 94,4 фоизи шаҳрвандон ширкат намуда, ба саволи «Оё шумо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул мекунед?» 2 миллиону 352 ҳазору 554 нафар ё 87,59 дарсад ба тарафдории қабули Конститутсия овоз доданд. Натиҷаи раъйпурсӣ нишон дод, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ва мавқеи Роҳбари давлатро пуштибонӣ намуда, аксарият, якдилона Конститутсияро қабул намуданд ва бо ҳамин як саҳифаи тоза дар таърихи Тоҷикистони муосир боз шуд.
Новобаста аз он ки дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ Конститутсия дертар қабул гардид, вале ин санади олӣ яке аз устувортарин ва ба воқеияти замон мувофиқтарин Конститутсия эътироф гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста ёдовар мешаванд, ки танҳо қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлол ва аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам орад.
Дар моддаи 5 Конститутсия оварда шудааст, ки Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ин қисми модда дар натиҷаи таѓйироту иловаҳои соли 2003 тибқи раъйпурсии умумихалқӣ аз 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.
Акнун Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевор ва заминаи боэътимоду боварибахшро тарҳрезӣ намуд. Инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои манфиатҳои олӣ шинохта шуд.
Имрўз Тоҷикистон дар шароити истиқлолияти давлатӣ барои шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муқаддасоти давлатдорӣ аз диди тоза назар андохта, беҳтарин арзишҳо, ормонҳо ва ченакҳоеро муайян карданист, ки метавонанд манфиатҳои имрўзу фардои миллату давлатро сарбаландона дифоъ намоянд. Бо ин мақсад чи таҷрибаи таърихии ҳуқуқи ниёгон ва чи дастовардҳои ҷаҳони муосир мавриди омўзиш қарор мегирад. Шинохти инсон ҳамчун арзиши олӣ дар анъанаҳои афкори ҳуқуқии мардуми мо ҷойгоҳи сазовор касб намуда, дар низоми ҳуқуқии имрўзаи мо некў бозтоб ёфтааст.
Инсон арзиши олӣ дар Тоҷикистон эълон шуда, шинохти тамоми арзишҳои дигарро дар доираи манфиат ва манзалати он имконопазир мегардонад. Ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў боло буда наметавонад. Ҳама чиз дар давлат ва ҷомеа барои қонеъ гардонидани талаботи инсон равона шудааст. Ин нуқтаро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он хотир таъкид кардааст, ки таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ онро собит сохтааст. Ҳатто динҳои ҷаҳонӣ ба хотири инсон нозил шуда, таълимоти олии оламгиру фалсафаҳои таърихсоз ҳама барои ҳимояи манфиати инсон нигаронида шудаанд. Конститусия дар моддаи 14 эълон доштааст, ки мазмуну муҳтавои ҳамаи дигар қонунҳоро ҳуқуқ ва озодии инсон ташкил медиҳад. Яъне дар маркази арзишҳо вогузор намудани инсон, маънии дар атрофи он муттаҳид намудани ҳамаи дигар арзишҳоро дорад. Касе, мақомоте ва ё санади меъёрӣ-ҳуқуқие ба хотири кадом як манфиате наметавонад ҳуқуқу озодии инсонро маҳдуд ва ё поймол намояд, зеро Қонуни асосии кишвар инсонро дар маркази арзишҳо қарор дода, онро аз дигар муносибат ва падидаҳо болотар гузоштааст.
Конститутсия инсонро дар маркази ҳама гуна манфиатҳо қарор дода, муҳимтарин рукнҳои зоҳирёбии инсон - ҳуқуқу озодиҳои онро низ ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудааст. Зеро бе арзиши олӣ эълон намудани инсон таъмини волоияти қадру манзалати он имконнопазир аст.
Ҷойи таъкид аст, ки мавқеи устувор ва пуштибонии амиқи Пешвои муаззами миллат дар раванди таҳия, муаррифӣ, қабул ва амалишавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиргузор ва муайянкунанда буда, ба шарофати ин санади олии ҳуқуқӣ ҳамчун муҳаррики пешбарандаи ғояву арзишҳои халқи Тоҷикистон ба рушду тараққиёт ва саодати зиндагӣ даст ёфтем.
Ҳар яки моро зарур аст, ки бо ин муқаддасоти Ватан ифтихор намуда, бо роҳнамоии Пешвои миллат ба сӯи ояндаи дурахшон ва фатҳи қуллаи мурод қадамҳои устувор гузорем. Танҳо Конститутсия амнияту озодии моро кафолат дода, донистани муқаррароти он роҳамонро ба сӯи ҳаёти осоишта мунаввар месозад.
Мавзуна ШАРИПОВА, муовини сардори раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсуси Академия Вернуться назад |