Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Паёми табрикии раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ бахшида ба «Рӯзи милитсия»
Главная > Хабар > Паёми табрикии раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ бахшида ба «Рӯзи милитсия»

Паёми табрикии раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ бахшида ба «Рӯзи милитсия»


10-11-2022, 12:51. Разместил: admin

Таърих гувоҳ аст, ки ба души насли аввали милитсияи тоҷик вазифаҳои ниҳоят вазнину хатарнок вале пурифтихор меистоданд. Иҷрои ин вазифаҳо аз онҳо истодагариву матонат, пуртоқатӣ, нерӯи бузургу қавӣ, муносибати поквиҷдонаву бенуқсонро талаб менамуд. Амнияти ҷомеа, ҳифзи тартибот маҳз аз мақомоти корҳои дохилӣ вобастагии зич дорад. Бесабаб нест, ки Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд: «Таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон вазифаи боифтихор ва масъулиятнок буда, ҷомеа ва давлат ин вазифаҳоро ба души мақомоти корҳои дохилӣ гузоштаанд». 

     Қайд кардан ба маврид аст, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ донишу малакаи худро истифода намуда, бо дилу ниятҳои нек ин вазифаи пурмасъулиятро сарбаландона иҷро карда меоянд. 

     Фаъолияти кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия, ки ба пешгирӣ намудани ҷиноят, татбиқи чорабиниҳои махсус оид ба фош намудани ҷиноятҳои муташаккилона, ҳалъи силоҳ, ошкор ва мусодираи маводи мухаддир, мубориза зиддӣ ришвахурӣ ва дигар чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ равона шудааст, масъулияти ҷиддиро талаб мекунад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамасола аз рӯи имкониятҳои мавҷуда ба мақомоти корҳои дохилӣ ғамхорӣ зоҳир намуда, ба кормандони онҳо кӯмакҳои моддию маънавӣ мерасонад.  

Кормандони милитсия ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсон сару кор доранд, аз ин рӯ тамоми чораҳои заруриро андешидан лозим аст, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ кормандони ахлоқан бенуқсону маҳкамирода, дорои малакаи тахассусиву матонати шахсӣ, ҳисси баланди ҳақиқатпарастӣ ва адолатпарварӣ дошта ҷалб карда шаванд. 

     Боварии комил дорам, ки Шумо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вазифаҳои ба зимаатон гузошташударо бо дилу нияти нек иҷро менамоед ва дар бунёди давлатӣ ҳақиқатан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми арзанда мегузоред.

     Бо чунин ниятҳои нек, ҳамаи шуморо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам ба муносибати «Рӯзи милитсия» аз самими дил табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, сарбаландию сарфарозӣ, бахти неку иқболи баланд ва баҳри таъмини волоияти қонун комёбиҳои беназир орзӯ менамоям. 

     Рӯзи милитсия муборак!


Вернуться назад