Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН МУҲТАРАМ САФАРЗОДА БАХТИЁР ҒАНӢ БА МАРДУМИ САРБАЛАНДУ НОМДОРИ БАЛҶУВОН
Главная > Хабар > МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН МУҲТАРАМ САФАРЗОДА БАХТИЁР ҒАНӢ БА МАРДУМИ САРБАЛАНДУ НОМДОРИ БАЛҶУВОН

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН МУҲТАРАМ САФАРЗОДА БАХТИЁР ҒАНӢ БА МАРДУМИ САРБАЛАНДУ НОМДОРИ БАЛҶУВОН


10-11-2022, 13:30. Разместил: admin

БО ШИОРИ “БИЁЕД БО ҲАМ САРЗАМИНИ БОСТОНИИ БАЛҶУВОНРО БА ДИЁРИ ҲАМЕШАБАҲОР ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ”

 

    Ҳамдиёрони азиз!

    Ноҳияи зархезу файзбори Балҷувон бо захираҳои бузурги табиӣ ва дастовардҳои шоёнаш дар соҳаи кишоварзӣ ҳамчун минтақаи куҳию аграрӣ ва меваҷоти аз ҷиҳати экологӣ тоза дар сатҳи ҷумҳурӣ мавқеи намоёнро касб кардааст. Ҳамаи ин нуфузу эътиборро кишоварзони Балҷувон тӯли даҳсолаҳо бо заҳмати садоқатмандонаю софдилона ва бо назардошти иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардаанд. 

    Ёдовар шудан ба маврид аст, ки вилояти Хатлон яке аз таъминкунандагони асосии бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ниёзи аввал ба ҳисоб меравад ва дастранҷи кишоварзони ноҳия низ дар ин мавқеъ назаррас аст. Ин аст, ки ҳамасола раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бо пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи кишоварии вилоятро самти афзалиятнок ва пурмаҳсул арзёбӣ намуда, тамоми захираю имкониятҳоро ба ин самт равона намуда, ҳадафу вазифаҳоро муайян менамоянд. 

     Барои ҳар як сокини ноҳияи Балҷувон боиси ифтихору сарфарозист, ки бо дастгирию ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Балҷувони бостонӣ ба макони бузурги созандагию бунёдкорӣ мубаддал гардида, сол аз сол ободу зебою назаррабо шуда истодааст, ки ин ҳама самараи Истиқлол ва Ваҳдати сартосарии миллати тоҷик мебошад.

    Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва доман паҳн кардани ақидаҳои ифротгаро хатари болоравии нархи маҳсулоти аввалия дар сартосари ҷаҳон таҳдид намуда истодааст ва ин нуқтаро борҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гаштаю баргашта таъкид менамоянд. Аз ин рӯ, таъкидҳои асосноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи дусолаи маводи озуқа амри зарурӣ буда, даъват менамоем, ки дар якҷоягӣ, аз ҷумла кишоварзон, боғдорон ва ҳар як хонаводаи ноҳия то фаро расидани фасли сармои зимистон ва эмин паси сар намудани сардиҳо ҷиҳати вусъат баъхшидан ба корҳои саҳроӣ, саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили маҳсулот ва бо истифода аз усулҳои мухталиф захира намудани маҳсулоти ғизоӣ фаъол бошем.

    Ҷойи шубҳа нест, ки соҳаи кишоварзӣ дар пешбурди иқтисодиёти мамлакат нақши асосӣ дошта, манбаи асосии ҷойи корӣ ва даромади аҳоливу буҷет мебошад. Моро мебояд, ки ба масъалаи истифодаи самараноки заминҳои корам, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва иҷрои дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, инчунин, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Сокинони сарбаланди ноҳияи Балҷувон ҳамеша анъанаҳои неки аҷдодамонро дар ҷодаи меҳнати босубот ва бунёдкориву созандагӣ ҳифз намуда, минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид барои рушди Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми хешро дареғ нахоҳанд дошт.

    Сокинони шарафманди ноҳияи Балҷувон аз азал бо маърифати баланди экологӣ, муносибати ғамхорона ба муҳити зист, парастишу ҳифозати табиати бешабеҳи диёрамон номоваранд.

Гузаштагони мо дар боғдорию ниҳолшинонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як ваҷаб замин таҷрибаи ғанӣ доштанд, ки дар баробари самар бардоштан аз боғҳо, инчунин бо гулу гиёҳҳои табиӣ ба дарди ранҷурон дармон мебахшиданд.

     Мардуми Балҷувон ин рисолати бузургро имрӯз низ ифтихормандона идома дода, бо ободкорию созандагии худ дар сарсабзу хуррам гардонидани деҳаю маҳалла, кӯчаю ҳавлӣ ва дар маҷмӯъ, дар беҳдошти ҳифзи муҳити зист саҳми муносиб мегузоранд. Зебою озода кардани ҳар як гӯшаву канор, деҳаю маҳалла, гирду атрофи идораю ташкилот ва манзили зист, шинонидани дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, гулҳои гуногуни мавсимӣ, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию рӯҳбаландии сокинону меҳмонон мегардад, аз масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар як сокини ноҳия дарак медиҳад.

     Дар урфият аз гузаштагони номдору некноми мо “Аз некон боғ” мегӯянд. Ҳадафи асосӣ аз ин ободкориҳо эҳё намудани анъанаҳои хуҷастаи ниёгон дар самти зебоиофарӣ, ободонӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф, бедор намудани завқу муҳаббати насли наврасу ҷавон ба ниҳолшинонӣ, гулу гулбуттаҳо, гулпарварӣ ва ҳифзи мероси табиӣ мебошад.

     Моро лозим аст, ки дар доираи омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашнҳои миллӣ, махсусан истиқбол аз ҷашни бузурги миллати тоҷик - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хонаю манзили худ шурӯъ карда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ пайвандем ва дар тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ободу зебо гардонидани манзилу атрофи он, гулгашту хиёбонҳо бо ҳисси баланди ватандорӣ, завқи зебоипарастӣ масъулияти шаҳрвандии хешро иҷро намоем, ватани азизамонро ба диёри сабзу хуррам ва ҳамешабаҳор табдил диҳем.

Тибқи арзёбии мутахассисон, шинонидани дарахтон ба солимгардонии муҳити экологӣ таъсири мусбат гузошта, илова бар ин, ҳусни кӯчаву деҳаҳоро меафзояд ва ба инсон рӯҳия мебахшад.      Яке аз ченакҳои арзёбии сатҳи зиндагии инсон муҳити тоза ва сарсабзии зист маҳсуб гардида, муҳити зисти инсон агар аз ҷиҳати экологӣ баландсифату тоза бошад, он ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонад.

Аҷдодони мо дар ҳар давру замон талош меварзиданд, ки бо такя ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои аҷдодиамон макони зисти худро обод кунанд, боғу гулгашт бунёд намоянд, зеро сабзкорию ниҳолшинонӣ на танҳо рамзи хуррамӣ ва ободӣ, балки рамзи покӣ, тансиҳатӣ ва зиндагии осоишта мебошад. Бо мақсади идомабахшии суннати ободкории аҷдодон ва бо дарки он ки муҳити баландсифати экологии диёрамон кафили саломатӣ ва бақои миллати мо мебошад, аз ин рузҳои офтобӣ самараноку мақсаднок ва бо руҳияи ифтихор аз давлату миллати хеш шабонарӯзӣ заҳмат кашем. 

    Замин, об, офтоб, ки аз унсурҳои муайянкунандаи асоси ҳастии одамонанд, дар Тоҷикистони биҳиштосои мо фаровонанду бо баракату сифати хосашон дар ақсои ҷаҳон назир надоранд. Имрӯз мардуми ҷаҳон иқрор мекунанд, ки табиат, обу ҳавои пок, зебоиву тароватҳои кӯҳистон, хуҷастагиҳои табиии Тоҷикистони мо беҳамтоянд ва ҳар як шаҳрванди соҳибватану баномуси диёрро мебояд ин сарватҳои табииро на танҳо ҳифз намояд, балки дар вусъати корҳои ободонӣ саҳми бевосита гузорад.

Тавре ки ҳамагон шоҳидем, даҳҳо ҳазор гектар боғҳое, ки бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидаанд, на танҳо муҳити экологии шаҳру навоҳии Тоҷикистонро беҳтар намуданд, балки бозорҳои Тоҷикистонро дар чаҳор фасли сол бо меваҳои аз ҷиҳати экологӣ баландсифат таъмин мекунанд.

     Бо дарназардошти ин, аз тамоми мардуми баору номуси ноҳия даъват мекунам, ки бо дастгирии сиёсати экологии Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам равнақ бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ ва хурраму назаррабо гардонидани ҳар як гӯшаву канори Балҷувонзамин бо дасту дили пок саҳми шоистаи худро гузоранд.

     Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус ноҳияи Балҷувон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани таллу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.

     Мутмаинам, ки мардуми шарафманди Балҷувон дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ беш аз пеш ташаббускору пешсаф гардида, дар якҷоягӣ ба рӯзу рӯзгори шоиста ва бо шиори “БИЁЕД БО ҲАМ САРЗАМИНИ БОСТОНИИ БАЛҶУВОНРО БА ДИЁРИ ҲАМЕШАБАҲОР ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ” садоқатмандонаю поквиҷдонона ҷидду ҷаҳд менамоянд.

    Дар ин росто, ба ҳамаи Шумо ҳамватанони азиз барои иҷрои бомувафаққонаи ҳадафҳои гузошташуда масъулияти баланди ватандорӣ ва рӯзгори пурсаодату дастархони пур аз нозу неъматро таманно менамоям. 

    Сиҳатманду саодатманд бошед, ҳамдиёрони азиз. 


Вернуться назад