Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ИҶЛОСИЯИ ХVI - ОҒОЗИ ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Главная > Хабар > ИҶЛОСИЯИ ХVI - ОҒОЗИ ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ИҶЛОСИЯИ ХVI - ОҒОЗИ ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН


16-11-2022, 07:36. Разместил: admin

Сароғози ташаккули ин мактаб ба марҳилаи мураккабу пуртазоди таърихӣ-солҳои аввали соҳибистиқлолӣ рост меояд. Шинохти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи сиёсӣ ва сарвари давлат бевосита бо Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи ногустастанӣ дошта, маҳз дар ҷараёни ин рӯйдоди барои миллат муҳим сарвари нави давлат интихоб гардид.

 

Ин интихобе, ки вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 карданд, роҳи кишварро ба сӯйи созандагӣ кушод. Зеро дар ин давра ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон идома дошта, кишвар дар вартаи хатарноки парокандагию нобудӣ қарор дошт. Масири рушди минбаъда номаълум, ҳокимияти иҷроия фалаҷ, иқтисодиёт касод ва мардум парешону пароканда буданд. Садҳо ҳазор нафар тарки кишвар карда, азоби ғарибиро мекашиданд. Бо истифода аз вазъияти баамаломада душманони дохилию хориҷӣ нақшаи тақсими Тоҷикистонро кайҳо тарҳрезӣ намуда, аз пайи амалӣ намудани он буданд.

 

Дар ҷомеа руҳияи ноумедӣ реша давонида, қудрати миллатро коста намуда буд. Тарс, ноумедӣ, ҳиссиёти қасдгирӣ, бадбинӣ ва амсоли ин ҳолати равонии ҷомеа буд. Хуни ноҳақи рехташуда ихтилофу нафратро байни мардум боз ҳам зиёд менамуд. Касе кафолати амнияти касеро дода наметавонист. Гуруснагӣ ва норасоии маводи хӯрокворӣ мушкилии дигари ҷиддии ҷомеа буд. Маҳз дар чунин шароити вазнини сиёсӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад. Мафҳуми «қудрат» маънии имконият, захира, неру ва ҳукм доштан бар касею чизеро дорад. Агар ин нуктаи назар арзёбӣ намоем, қудрате, ки сарвари давлат дар соли 1992 дар даст дошт, дар асл қудрате буд, ки дигар неруи худмуҳофизатӣ надошт. Хазинаи давлат холӣ, кишвар макони задухӯрду даргириҳои неруҳои мансабталабу манфиатталаб, даҳҳо деҳаю маҳаллаҳо сӯхтаю валангор, мардум сарсону саргардон ва дар чорроҳаи тақдир қароргирифта – чунин буд қудрат ва ҳокимияте, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари он интихоб карда буданд.

 

Маҳз дар чунин шароити мушкил ва ҳалкунандаи таърихӣ ин шахсияти таърихӣ тавонист давлат бунёд кунад, санҷиши сахти таърихро бо сари баланд гузашта, мактаби нави давлатдориро асос гузорад.  Ҳар як мактаби сиёсӣ дар заминаи меъёрҳои муайяни маънавӣ, арзишӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ бунёд мешавад, ки ин талабот дар раванди ташаккули мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат ҳам ҷой дошт.

 

Яке аз масъалаҳои усулии мактаби сиёсии зикргардида таъмини қонунмандии фаъолият мебошад. Ин масъала таҷассуми худро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ёфта истодааст. Асоси қонунии фаъолияти мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд, вақте ки вакилон якдилона ин шахсияти таърихиро ба сифати роҳбари давлат интихоб карданд. Ин аслан маънои барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ дар кишварро дошт. Бо дарки аҳамияти таърихии ин Иҷлосия Пешвои муаззами миллат дар паёми табрикии худ бахшида ба муносибати 25- солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ қайд намуданд, ки «Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олӣ, ки соли ҷорӣ аз санаи баргузории он сӣ сол сипарӣ мегардад, аввалин санадҳои сарнавиштсоз – қатъи ҳарчи зудтари ҷангу хунрезӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва дигар қарорҳои барои он рӯзҳо муҳимтарин ва таъҷиливу тақдирсозро қабул кард. Бо ҳамин роҳ мо аввалин қадамҳоро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ гузошта, барои таъмин намудани ваҳдати миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардем».

 

Асоси ҷанбаи маънавии мактаби мазкурро инсонгароӣ, саховатмандӣ, дастгирии ниёзмандон, эҳтироми ҳамдигар, садоқату вафодорӣ ва муҳаббат ба кулли ҷомеа ташкил медиҳад. Дар ин роҳ шуҷоатмандӣ, мардонагӣ, ягонагии қавлу амал ва далерӣ хислатҳое мебошанд, ки ҷомеаи имрӯзаи мо онҳоро дар рафтору кирдори Пешвои миллат мушоҳида намуда, ба он пайравӣ мекунанд.

 

Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи чунин арзишҳои муҳимми сиёсӣ, аз қабили ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, созиш ва гузашт карда тавонистан, дарки воқеъбинонаи вазъият, қадр карда тавонистани хизмати ҳар як шахс, инсондӯстӣ ва мардумсолорӣ ташаккул ёфта, муваффақияти кори сарварро таъмин, обрӯяшонро афзун ва худашонро маҳбуби ҷомеа гардонидааст.

 

Яке аз дастовадҳои муҳимми ин мактаб ташаккули модели нави сулҳофарӣ мебошад, ки хусусияти беназир дошта, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф шудааст. Василаҳои амалинамудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ нишонаи хиради сиёсии сарвари давлат мебошанд, ки бо дарки муҳим будани масъала кӯшиш намуданд кишварро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ берун намоянд. Хушбахтона, дар ин роҳ муваффақ ҳам гаштанд. Дар ин роҳ худи Президенти мамлакат нақши халқро бениҳоят қадр мекунанд ва вобаста ба қайд намудаанд, ки «Воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад». Лекин таърих собит намудааст, ки дар муваффақияти ҳар як халқ нақши сарварони сиёсии онҳо бениҳоят калон аст. Зеро дар ҳама ҳолат халқ ба сарвари хирадманд эҳтиёҷ дорад, то ин ки онҳоро барои расидан ба саодат роҳнамоӣ кунад. Ба ақидаи сотсиологи амрикоӣ Р.Эмерсон «дар зиндагӣ ба мо шахсе намерасад, то моро водор кунад, ки он кореро, ки мо карда метавонем, иҷро кунем».

 

Нақши таърихии Пешвои миллатро дар раванди ба даст овардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кулли ҷомеа медонанд ва қадр мекунанд. Ҳатто сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ аз хориҷ ҳам аҳамияти ваҳдат ва технологияи сулҳофарии тоҷиконро қайд мекунанд. Масалан, Президенти Федератсияи Россия В.Путин дар масъала қайд мекунад, ки «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои халқҳову мамолики дигар».

 

Дар ин мактаб яке аз талаботи асосӣ ин салоҳиятнокии касбии пайравони он мебошад, ки арзишҳои зикргардида бояд асоси онро ташкил намоянд. Намояндагони ин мактаби бузурги сиёсӣ бояд дар раванди фаъолияти худ бо риояи принсипҳои муҳимме, ки дар мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудаанд, самаранокии идоракунии давлатиро таъмин ва нуфузи онро боло бардоранд. Таъкидҳои доимии Пешвои муаззами миллат дар масъалаи забономӯзӣ, донистани технологияҳои иттилоотӣ ва такмили доимии малакаҳои касбӣ худ нишонаи таваҷчуҳи доимӣ ба фаъолияти ҳамаи онҳоест, ки имрӯз дар сатҳҳои гуногун дар идоракунии давлат иштирок мекунанд.

 

Дар заминаи гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон мактаби ватандорию худшиносӣ ва ифтихори миллию ғурури давлатдорист, ки ҳар як нафар шахси худогоҳро маҳз дар руҳияи эҳтироми ҳамин арзишҳо тарбия мекунад. Мактаби мазкур қудрати инсонсозӣ дошта, наслеро тарбия мекунад, ки эҳсоси ватандорӣ дар мағзи ҷонаш ҷой гирифтааст. Он пайроҳаест, ки барои расидан ба майдони нанги ватандӯстӣ ҳар як ватандорро ҳидоят мекунад.

 

Нушофарин МИРЗОЕВА, мутахассиси Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академия


Вернуться назад