Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ДИДБОНГОҲҲОИ САРҲАДӢ ЗЕРИ ТАВАҶҶӮҲИ ХОСАИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД
ДИДБОНГОҲҲОИ САРҲАДӢ ЗЕРИ ТАВАҶҶӮҲИ ХОСАИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД18-11-2022, 10:42. Разместил: admin |
Дирӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати дастгирии моддию маънавии хизматчиёни ҳарбӣ раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр аз Дидбонгоҳи сарҳадии #4 воқеъ дар ноҳияи Фархор дидан намуда, бо шароитҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо муҳайёгардида аз наздик шинос шуда, бо хизматчиёни ҳарбӣ суҳбат намуданд. Зикр намуданд, ки хизмати садоқатмандонаи Шумо дар роҳи ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватани азизамон - Тоҷикистон ҳамчун фарзандони баору номуси Ватан дар саҳифаҳои таърих сабт гардида, барои наслҳои оянда ҳамчун мероси гаронбаҳо, ки онро ном ҳисси баланди ватандӯстӣ аст, боқӣ мемонад. Дар идома аз ҷониби раиси ноҳия ба хизматчиёни ҳарбӣ дастархони идона ороста шуда, ба онҳо зиёфат дода шуд. Инчунин як қатор маводхои ғизоӣ ба хизматчиёни Дидбонгоҳ дастрас гардид. Ҳамчунин раиси ноҳия иброз доштанд, ки минбаъд низ раванди вохуриҳои мо бо шумо идома ёфта, барои дастгирию ҳавасмандгардонии шумо тамоми имкониятҳоро истифода мебарем. Вернуться назад |