Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > НАҲЗАТИҲО АЗ АСЛИ ХУД ДАСТ НАМЕКАШАНД!
НАҲЗАТИҲО АЗ АСЛИ ХУД ДАСТ НАМЕКАШАНД!22-11-2022, 01:39. Разместил: admin |
Мавриди зикр аст, ки моҳи апрели соли 1992, ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, аввалин амали наҳзатиҳо ин рабудани шахсиятҳои бонуфуз ва озод намудани маҳбусони пайрави онҳо дар минтақаи Туркманистони ноҳияи Вахш буд. Бархе аз шахсони рабудашуда бар асари азобу шиканҷаҳо ба ҳалокат расиданд. Ин кирдори онҳо амалкарди Толибону ДИИШ-ро ба ёд меоранд. Баъд аз озод намудани ин минтақа аз дасти аъзоёни наҳзатиҳо, садҳо ҷасадҳои порагардида дар таҳхонаи зиндони махфии тобеи наҳзатиҳо пайдо гардида буд. То ҳол шахсияти даҳҳо ҷасади порагардида номуйян боқӣ мондааст. Яке аз саҳнаҳои ваҳшатангези он маҳбас, ки аз амалкардҳои Толибону ДИИШ ҳам бадтар ба чашм мерасид, ин буридани узвҳои мардонаи маҳбусон буд. Аз ин лиҳоз, вақте ки ҷиноятҳои ваҳшатноки Толибону ДИИШ дар телевизону интернет нишон дода мешаванд, мардуми тоҷик рӯзҳои хунини гузаштаро ёдовар мешаванд. Бояд гуфт, ки Ҳукумати кишвар чунин амалиёту фаъолиятҳои террористии наҳзатиҳоро ба инобат гирифта, ҳатто бо факту далел асоснок карда онро дар ҳудуди кишвар экстремистиву террористӣ эълон намуд. Ҳамагон огоҳанд, ки ин тасмим баъд аз сар задани амалиёти террористӣ ва инқилоби нокоми пайравону аъзоёни наҳзатиҳо таҳти роҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим суръат гирифт. Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд бидонад, ки ба Кабириву Иқболаку дигару дигараш дини ислом муҳим набуду нест ва аз ҳама фоҷеанок он аст, ки онҳо ҷавонони тоҷикро гумроҳ мекунанд ва худу аҳли оилаашон дар Аврупо кайфу сафо карда мегарданд. Ҳамчунин, бояд огоҳ бошем, ки имрӯзҳо наҳзатиҳо бо гурӯҳу ҳаракатҳои террористии ДИИШ, Ҷабҳатун-нусра, Ҷунбиши исломии Узбекистон, Толибон, Ҷамоати таблиғ, Ансоруллоҳ ва ғайра ҳамфикру ҳамақида буда, ҳатто дар чандин амалиётҳои террористӣ иштироки фаъол доштаанд. Мувофиқи маълумотҳо роҳбарияти наҳзатиҳо бо ҷамоати Ансоруллоҳ алоқа барқарор карда, дар робита ба кумакҳои пулӣ ва тайёркунонии ҷиҳодиҳо ҷиҳати пиёда намудани амалҳои террористӣ ҳамкориҳои воқеӣ роҳандозӣ намудааст. Ин хабару маълумотро худи Кабирӣ имсол дар яке аз суханрониҳои худ тасдиқ карда буд. Ҳамчунин, чанд сол пеш яке аз рӯзномаи бонуфузтарини Ховари Миёна - «Ал-Аҳром», ки аз соли 1875 дар Ҷумҳурии Арабии Миср фаъолият дорад, дар бораи фаъолияти террористии ТТЭ ҳизби наҳзат дар қаламрави Тоҷикистон ва робитаи пинҳонии ин ташкилот бо ДИИШ, «Ҷабҳат ан-Нусра», «Ҷайш-ал-ҳур» (Лашкари озод), «Ихвон-ал-Муслимин» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ мақолаи таҳлилӣ нашр намуда буд. Бинобар ин, имрӯзҳо дигар гуноҳу ҷурми наҳзатиҳо ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор аён гардида истодааст.
Суҳроби Рустам, сиёсатшинос. Вернуться назад |