Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ХУШБАХТИИ МОСТ
Главная > Хабар > ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ХУШБАХТИИ МОСТ

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ХУШБАХТИИ МОСТ


23-11-2022, 21:21. Разместил: admin

Барои таҳияву пешниҳод намудан ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷуӣ сарф шудааст. Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шӯрои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд.

        Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд.

        Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷҷасумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессия 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шӯрои Олии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд.

        Рӯзи 24-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шӯрои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлати сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуд.

         Бояд қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессия таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.

       Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан  ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.

 

Ҷонишини директори муассисаи давлатии Маркази ҷавонон дар ноҳияи Балҷувон - ҒОИБОВ САЛИМ


Вернуться назад