Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ВОХӮРИИ САРДОРИ ШВКД ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН БО ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Главная > Хабар > ВОХӮРИИ САРДОРИ ШВКД ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН БО ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

ВОХӮРИИ САРДОРИ ШВКД ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН БО ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ


23-11-2022, 21:26. Разместил: admin

Рӯзи 21 ноябри соли ҷорӣ дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон вохӯрии сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия подполковники милитсия Ҷумъазода Ҳабиб бо омузгорони муассисаҳои таълимӣ доир гардид. Ҳадаф аз ташкили вохӯрии мазкур пеш аз ҳама риояи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии қонунвайронкуниҳо аз тарафи наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, мустаҳкам намудани робитаи масъулини муассисаҳои таълимӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас ба ҳисоб рафта, дар ин доира Ҷумъазода Ҳабиб суханронӣ намуданд. 

Дар анҷоми вохӯрӣ сардори ШВКД дар ноҳия Ҷумъазода Ҳабиб аҳли нишастро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод гуфта, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки барои парафшонии ҷовидонаи Парчами давлатии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ тамоми масъулияти шаҳрвандиро иҷро намоянд.


Вернуться назад