Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ЧОРАБИНИҲОИ ИДОНА БАХШИДА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
ЧОРАБИНИҲОИ ИДОНА БАХШИДА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН25-11-2022, 07:04. Разместил: admin |
Дирӯз дар ноҳияи Балҷувон чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкилу гузаронида шуд. Нахуст бо иштироки зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандон раҳпаймоӣ ташкил карда шуда, иштирокдорон дар даст бо парчамҳо ҳамчун эҳтиром ба яке аз муқаддасоти миллӣ суи базмгоҳ раҳсипор шуданд. Дар толори Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии сиёсй ташкил гардида, раиси ноҳияи Балҷувон муҳтарам Сафарзода Бахтиёр ҳозиринро бахшида ба ин рӯзи фархунда табрик намуданд. Зикр намуданд, ки дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, яъне замоне, ки мардуми мо ба бунёди давлати навини худ иқдом намуд, Парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва иттиҳоду сарҷамъии кулли сокинони мамлакат нақши ниҳоят муҳиму таърихӣ бозид. Оини парчамдорӣ дар тамаддуни деринаву оламшумули мо мақоми шоиста дошта, ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории миллиамон маҳсуб мешавад. Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, парчами ӯ рамзи як давлати неруманди замонаш дониста мешуд. Ливои Коваи бузург бошад, нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо алайҳи зулму истибдод ва баҳри истиқлолу озодӣ маънидод мегардад. Рангу аломатҳои Парчами миллии мо таҷассумгари масири таърихии мавҷудияти халқи тоҷик – муборизаву ҷоннисориҳо баҳри озодӣ ва истиқлол, фурӯзон нигоҳ доштани шуълаи умеду орзу ва расидан ба бахту саодат, сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ мебошад. Пaрчaми дaвлaтӣ дaр бaробaри Нишон вa Суруди миллӣ яке aз муқaддaсоти миллӣ вa рукнҳои муҳимми дaвлaтдорӣ мебошад. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, он дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ҷо намудааст. Aз қaдим зери Пaрчaм мaрдони сaдоқaтмaнд, бебок вa ростқaвлу бaномус гирд омaдa, бaрои ҳaмзистии осоиштa, ҳaмоиши неруҳои aқлонӣ, сaфaрбaркунӣ бa корзор ҷaдaл менaмудaнд. Пaрчaм дaр тӯли сaдсолaҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузaштaгони мо бa шумор рaфтa, дaр қaтори рaмзу aркони дaвлaтдорӣ мaқому мaнзaлaти пурaрҷро доро буд. Дар қисмати дигари чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия хотири аҳли нишастро бо сурудҳои тараннумгари истиқлолу озодӣ шод намуданд. Вернуться назад |