Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ВОХӮРИИ САРДОРИ ШВКД ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САРИХОСОР
ВОХӮРИИ САРДОРИ ШВКД ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САРИХОСОР29-11-2022, 18:58. Разместил: admin |
Имрӯз дар толори Ҷамоати деҳоти Сарихосор вохӯрии сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Балҷувон подполковники милитсия Ҷумъазода Ҳабиб бо масъулон ва фаъолони Ҷамоат баргузор гардид. Ҷумъазода Ҳабиб иброз доштанд, ҳадаф аз ташкили вохӯрии мазкур пеш аз ҳама риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ёдрас шуданд, ки тағйиротҳои мунтазам ва пурталотуми ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ, ҷаҳонишавии босуръат, андаке дар канор мондани арзишҳои миллию фарҳангӣ ба ҳайси омилҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии муносибатҳои ҷамъиятӣ боиси бозсозии фаъоли равандҳои маънавии вобаста ба тасаввури шахсият нисбат ба нақши худ дар ҷомеа, андешаи шахсӣ нисбат ба ватан, нисбат ба арзишҳо ва амсоли инҳо гардиданд. Арзиши воқеии ватандӯстӣ, садоқат, пос доштани марзу буми ватан, ғурури миллӣ ҳамчун омили ҳамбастагии рағбатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъиятӣ, одатан, ҳангоми ҳолатҳои душвору мушкил дар ҳаёти ҷомеа, ҳангоми таҳдиди хатарҳои сиёсӣ, табиӣ ва ғайра бештар дарк ва эҳсос мегардад. Ҳол он ки меҳри Ватан ва ифтихор аз миллату фарҳанг ва ҳифзи сарзамини хеш омили асосии пешгирикунандаи чунин хатарҳо, бахусус, хатарҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Муносибат нисбат ба ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, ҳамчун арзиши олӣ, ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолати ногувори ҳаёти ҷамъиятӣ бояд аҳамияти худро гум накунад ва баръакс, шахсият ва ҷамъиятро ҷиҳати бартараф намудани ҳамагуна мушкилоту санҷишҳои таърих раҳнамун созад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон Вернуться назад |