Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ҲУНАРМАНД ҲАРҶО, КИ РАВАД АЗИЗ БОШАД ВА ДАР САТР НИШИНАД.
ҲУНАРМАНД ҲАРҶО, КИ РАВАД АЗИЗ БОШАД ВА ДАР САТР НИШИНАД.18-12-2022, 16:26. Разместил: admin |
Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад. Дар замони мо ҳунарҳое, ки замоне фаромўш шуда буданд, эҳё гардида, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба молҳои оммавӣ меафзояд. Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебоипарастии халқро таҷассум мекунанд. Гузашта аз ин, на фақат эҷоди асарҳои санъат, балки дастгирии ҳунармандон халқ, ки эҷодкорони зебоӣ ҳастанд, нишони камолот ва олиҳимматӣ мебошад. Инкишофи ҳисси зебоипарастии инсонро дар бозёфтҳои бостоншиносон, ба монанди китобу дастхатҳои нодир ва мусаввараҳо, ки дар онҳо фарҳанг, ҳунари меъморӣ ва рассомӣ, ҳамчунин хусусияти рўзгори маишии мардуми давраҳои қадим инъикос ёфтаанд, пайгирӣ метавон кард. Ҷомеаи давраҳои гуногун равияҳои хосро дар соҳаҳои мухталифи санъату ҳунар ба мерос гузошт, ки дар ҳар яке тарзи зиндагии мардум таҷассум ёфтааст. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дар вақти ҳукмронии ягон ҷараён таъсири он дар ороиши ашё, намунаҳои ҳунари меъморӣ, сару либос, ҷиҳози манзил амри воқеист. Дар замони мо тадқиқоти илмӣ дар соҳаи тарбияи ҷавонон бо назардошти таълими ҳунарҳои мардумӣ мавқеи назаррасро ишғол мекунад. Ҳадафи олимон баҳодиҳӣ ва таҳлили рушди ҳунармандӣ ва таъсири он, ба ҷавонон омўзонидани ҳунарҳои аҷдодӣ, бо такя ба онҳо ташаккул додани ҳунарҳои наву муосир мебошад. Вернуться назад |