Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > БЕИҚБОЛИ САДРИДДИН БА ХИЗМАТИ ҚИРҒИЗҲО КАМАР БАСТААСТ!
БЕИҚБОЛИ САДРИДДИН БА ХИЗМАТИ ҚИРҒИЗҲО КАМАР БАСТААСТ!18-12-2022, 16:30. Разместил: admin |
Саркардагони ТЭТ ҳизби наҳзат, мисле ки дар оғози солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ бо пулу сармояи хоҷагони хориҷиашон ба сари мардуми тоҷик бадбахтиҳои азим оварданд, имрӯз низ талош доранд, ки бо ҳар роҳ фазои осудаи кишварро халалдор созанд. Ин гурӯҳи худбохта, дар мисоли иқболаки голубой ҳамеша бо пахши иттилои дурӯғу хаёлӣ нисбат ба давлату миллат ва шахсиятҳои алоҳида кӯшиш дорад, ки мардумро гумроҳ намояд. Дар баробари садҳо амали ноҷавонмардонаи наҳзатиҳо мо ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард, ки дар авҷи муборизаҳои танбатани сарбозони ватан бо Қирғизистон ва муборизаҳои иттилоотӣ ин душманони миллати тоҷик, сарсахтона саъй карданд, ки аз ин фоҷеаи миллӣ низ ба нафъи хеш истифода намоянд. Дар пасманзари иттилои носаҳеҳу ҳангомасозӣ расонаҳои таҳти фармони наҳзатиҳои фурӯхташуда маълум буд, ки хоинони миллати тоҷик хостори ноамниву хунрезӣ дар баҳсҳои марзӣ ҳастанд ва хурсанданд, ки ин бӯҳрони марзӣ печидатар гардад. Имрӯз ниҳ аз роҳи дурӯғпароканӣ талош мекунанд, ки дар байни мардум нисбат ба давлату ҳукумат бадбинӣ ба вуҷуд оранд. Хушбахтона, таҳти роҳбарии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳсҳои марзӣ бо қирғизҳо ҳаллу фасл хоҳад шуд. Дар пайи тадбирҳои Пешвои миллат ҳукумати мамлакат кӯшиш намуда истодааст, ки масъалаи марзиро бо кишвари ҳамсоя тариқи осоиштаву гуфтушунид муайяну аломатгузорӣ намоянд. Наҳзатиҳои худбохтаву ватанфӯруш кӯшиш доранд, ки бо роҳу усулҳои сохтаву бофтаи душманонаи худ масъалаи марзро мушкил нишон диҳанд ва дурӯғҳои навбатӣ ба фоидаи қирғизҳо амал карда истодаанд. Вале бо ин амалҳои худ ҳамеша дар баробари иродаи мардум шикаст мехӯранд ва ноком мешаванд. Бояд гуфт, ки наҳзатиҳо дигар мардуми тоҷикро фирефта наметавонанд ва дасисаҳои пайдарпайашон нокоромад хоҳад шуд. Аз ин рӯ, иқболаки муханнас ва дигар ҳампаймононаш дар пайи эҷоди тавтеаҳои нав бо роҳи бадном кардани шахсиятҳои миллӣ ва донишмандони тоҷик, ки дар масъалаи марз фикру ақидаҳои худро баён менамоянд, даст зада истодаанд. Лекин мардуми тоҷик дигар дар вазъияти ғафлатзада қарор надоранд, ки наҳзатиҳои хоин битавонанд, бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ вазъи марзи сарҳадиро харобу ноором созанд. Халқи шарафманди тоҷик, низ дигар мисли солҳои навадуми асри гузашта нест, ки гурӯҳҳои тахрибкоре чун наҳзатиҳои беҳувият онҳоро ба доми худ кашанд. Бо вуҷуди ин зарур аст, ки мо оқибатҳои фоҷиабор, ғаразу ҳадафҳои аслии ин гурӯҳи худбохтаи манфиатҷӯро бишносем ва барои ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ содиқона талош варзем. Вернуться назад |