Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ
Главная > Хабар > ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ


22-12-2022, 20:32. Разместил: admin

Вокуниш. Вобаста ба вазъияте, ки  имрӯз  дар ҷаҳон ба  амал  омадааст, яке аз самтҳои  афзалиятноки  сиёсати сарони давлатҳо, ин  мубориза  бар зидди  экстремизм  ва  терроризм  мебошад.

  Бинобар  ин  таҳқиқ  ва баррасии  экстремизм   зинаи аввали  инкишофи гурӯҳҳои  канориро ташкил менамояд. Қурбони терроризм  дар  ин  ё он  минтақа асосан ҷавонон мебошанд.

Чуноне, ки таҷрибаи  мамлакатҳои гуногуни  олам нишон медиҳанд  дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат  кӯшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба этиқоди  динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ  бар зидди ақидаҳои диннии онҳост. Дар олами муосир  хатари терроризм  ва гурӯҳҳои ифратгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст.  Экстремизми  сиёсӣ аслан аз ғояи фаъоляти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавасути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад.  Аз ин рӯ  ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гурӯҳҳои терроризмро  биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти  кишвар  ҳифз  гардад. Ақидаи мазкур хусусан  дар байни аъзои ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ, ки барои бо ормонҳо ва меъёрҳои исломӣ мутобиқ сохтани сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мубориза мебаранд, хело расмӣ буда, ҳаматарафа таблиғу ташвиқ карда мешаванд.

Ифратгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъоляти бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад. Ба мо ҳамагон лозим аст, ки кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем.  

 

Аджикова Шоҳсанам


Вернуться назад