Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ВАТАНДӮСТӢ ВАСИЛАИ МУҲИММИ ҲИФЗИ ДАВЛАТ АЗ ХАТАРУ ТАҲДИДҲО.
Главная > Хабар > ВАТАНДӮСТӢ ВАСИЛАИ МУҲИММИ ҲИФЗИ ДАВЛАТ АЗ ХАТАРУ ТАҲДИДҲО.

ВАТАНДӮСТӢ ВАСИЛАИ МУҲИММИ ҲИФЗИ ДАВЛАТ АЗ ХАТАРУ ТАҲДИДҲО.


24-12-2022, 00:30. Разместил: admin

Инчунин Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.” Дар чунин шароит ҷомеаро лозим аст, ки баҳри пешгирии чунин хатарҳои даҳшатбор чораҳои судманд андешад. 

 

 Таҳлил ва тадқиқи вазъи сиёсии ҷаҳони муосир махсусан, кишварҳои ба буҳрони сиёсӣ гирифтор буда нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои асосии ба низоъ ва ҷанг кашида шудани онҳо маҳз ифротгароӣ, терроризм ва бесавидиву ҷаҳолати сокинонаш аст. Сабаби дигар бетарафӣ ва надоштани эҳсоси баланди ватандӯстӣ, надошти муҳаббат ба ватан чунин давлатҳоро ба вартаи ҷангу буҳронҳои сиёсӣ кашидааст. 

 

 Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки дар шароити имрӯзи ҷаҳон, мураккаб гардидани муносибатҳо, бозиҳои геосиёсӣ, манфиатҷӯии давлатҳои муайян ва афзоиши хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ ватандӯстӣ василаи муҳимми ҳифзи давлат ва арзишҳои миллӣ аз ҳамагуна хатару таҳдидҳо аст. Ҳамон тавре, ки дар Паёми Президенти мамлакат зикр гардид: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.”

 

 Бале, ҳифзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъмини амнияти миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Имрӯз ҳама бояд баҳри ҳифзи истиқлолият ва таъмини пешрафти Тоҷикистон талош намоем. Пешвои миллат ба маврид қайд намуданд, ки “Ҳар яки мо – роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат кунем”. 

 

 Воқеан, ватандӯстӣ, муҳаббат ба ватан ва парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ имкон медиҳад, ки ҳар як фард ватан ва арзишҳои миллиро аз ҳамагуна хатару таҳдидҳо ҳифз намояд. Ватандӯстӣ омили муҳим дар роҳи амалӣ сохтани нақшаву ниятҳои бузурги миллӣ аст. Мардуми тоҷик, ки тули ҳазорсолаҳо фарҳанг, забон ва урфу одатҳои миллии худро ба василаи ватандӯстӣ ҳифз карда омадааст, имрӯз низ вазифадор аст, ки бо тақвият додани эҳсоси ватандӯстӣ, парвариши ғояҳои миллӣ ва ғурури миллӣ дар вуҷуди насли имрӯзу ояндаи кишвар дастовардҳои давлатдории миллиро ҳимоя намуда, соҳибистиқлолии давлати худро аз ҳамгуна хатару таҳдидҳо ҳифз намояд. Ватандӯст будан ва хизмати содиқона намудан ба миллату давлат вазифаи асосии ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ аст. 

 

Девонсолор Сайф, таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ


Вернуться назад