Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ЗАХМЕ, КИ БАР ҶИСМИ ВАТАН МЕРАСАД, БАР ДИЛИ ҲАР ЯКИ МОСТ!
ЗАХМЕ, КИ БАР ҶИСМИ ВАТАН МЕРАСАД, БАР ДИЛИ ҲАР ЯКИ МОСТ!27-12-2022, 19:45. Разместил: admin |
Вокуниш:Мо мардуми шарифи тоҷик, ки ватандӯсту меҳанпараст ҳастем, ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми кишвари азизамон омода ҳастем. Гузаштагони мо устодон Садриддини Айни, Бобоҷон Ғафур ва ҳазорҳо мисли онҳо родмардони Ватан баҳри ҳар як пораи кишвар хун рехта, миллату давлати худро ҳимоя намудаанд ва ҷонбозиҳои онҳо барои мо намунаи ибрат мебошад. Яке аз печидатарин гиреҳҳое, ки дар мушкилии марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба миён омадааст, ки ин 211 000 гектар замин ва баҳси ҳуҷҷатҳост. Моҳият ва аҳаммияти ин масъала дар он аст, ки маҳз ҳуҷҷатҳо имкон медиҳанд то мавзӯи гуфтугӯҳо мушахас гашта, ҷонибҳо мавқеи худро ба таври мушаххас, асоснок ва устувор шакл бидиҳанд. Маҳз ҳуҷҷатҳо имкон медиҳанд, ки ҳақиқати таърихӣ маълум шуда, дар музокирот рӯи санад ва хулосаи мушаххасе тавофуқ ҳосил гашта ва роҳи ҳалли мушаххасе ба даст ояд. Аммо ҷониби Қирғизистон аз чунин гузоштани масъала ё эътирофи ин воқеият манфиатдор нест, зеро маҳз ҳамин навъи гузориши масъала аз назари қонунӣ пурра ба Тоҷикистон тааллуқ доштани ин заминҳоро исбот мекунад. Бо ин кор Қирғизистон талош мекунад, ки заминҳои аз ҳисоби Тоҷикистон амалан дар ихтиёрдоштаи худро расмияти ҳуқуқи бахшад. Мардуми Шарифи Тоҷикистон даъвоҳои беасоси давлати ҳамсоя- Қирғизистонро дар масъалаи гирифтану соҳиб шудан ба маҳалли Ворухи Тоҷикистон, мо мардуми бонангу номусро бетараф гузошта наметавонад. Имрӯз Ворух марзи нангу номус ва ватандориву меҳанпарастӣ мебошад. Аз ватандорию ватандӯстии миллати тоҷик аз азал тамоми ҷаҳониён дар ҳайрат буданд ва дар ҳайрат хоҳанд монд. Чунки барои мо – меҳанпарастӣ аз ҳифзи ҳар як ваҷаби кишварамон оғоз ёфта, то сарсабзу обод намудани он давом меёбад. Ватандӯстиву ватанпарастӣ дар хуни мо ҷорӣ аст! Ҳар як санги кишвар, ҳар як ваҷаби он барои мо азизу мӯътабар аст! Мо ҳамаи онҳоеро, ки бо иқдом ва нияти нек ба кишварамон назар меафкананд, бо меҳрубонӣ қабул менамоем, аммо онҳое, ки бо ниятҳои нопок дастдарозӣ карданӣ мешаванд, дасташонро кӯтоҳ менамоем! Шодиева Нозанин Вернуться назад |