Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН ВА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД
Главная > Хабар > ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН ВА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН ВА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД


29-12-2022, 01:37. Разместил: admin

Бо таваҷҷӯҳ ба дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо ба ятимону маъюбон ва дигар табақаи ниёзманди ҷомеа кӯмакҳои пулию молӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ, расонида мешавад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар аз тарафи раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ва Роҳбари Гуруҳи кории мақомот бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон Давлатзода Нусратулло ба тарбиятгирандагони интернати вилоятии наздимактабии деҳаи Шаидон тӯҳфаҳои солинавӣ дастрас карда шуда, ҳамзамон ба онҳо хони идона ороста шуд. Толибилмони ин боргоҳ, ки аксарияти онҳо аз оилаҳои ниёзманд ва бесаробонмонда мебошанд, аз ин иқдоми наҷибу хайрхоҳона хушнуд гардида, миннатдории самимии худро ба Сарвари давлат, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, расониданд. 

    Инчунин раиси ноҳия ба аёдати якчанд нафар маъюбону барҷомондагони деҳоти Сари Хосор рафта, ба онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ ва кумакҳои пулӣ расониданд. Зимни тақдими тӯҳфаҳо дар интернат ва хонаи ниёзмандон раиси ноҳия бо онҳо суҳбати гарму самимӣ анҷом дода, иброз доштанд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеаро дар меҳвари асосии сиёсати давлатӣ қарор додааст ва онҳоро ваъда доданд, ки Роҳбари Гурӯҳи корӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат доимо барои дастгирию ҳавасмандгардонии шумо тамоми тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд.

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон


Вернуться назад