Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ПАСМАНЗАРИ АМАЛҲОИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН ҒАСБИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИСТ
Главная > Хабар > ПАСМАНЗАРИ АМАЛҲОИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН ҒАСБИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИСТ

ПАСМАНЗАРИ АМАЛҲОИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН ҒАСБИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИСТ


12-01-2023, 20:25. Разместил: admin

   Дар дунё одамони дӯруяву дуруғгӯ ва маккору мардумфиреб кам нестанд. Ин тоифа барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз ҳеҷ бадкорӣ рӯй намегардонанд. Ҳатто барои расидан ба мақсадҳои палидонаи худ на танҳо аз бовару имони мардум суистифода менамоянд, балки ба хунрезиву нооромии ҷомеа низ даст мезананд, ки рӯйдодҳои солҳои 90-уми қарни гузашта исботи ин гуфтаҳост.  Яке аз чунин нафарони дуруғгӯву айёр ва хиёнатпешаву маккор, ки ҳар дам бо ҳар чеҳрае худро вонамуд месозад, ин Муҳаммадиқболи Садриддин  мебошад. Вай гоҳ худро дар ниқоби муллову равшанфикр ва гоҳе дар ниқоби сиёсатмадор чеҳранамоӣ мекунад. Вале воқеияташ фақат расидан ба ҳадафи ягона, яъне ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва тағйир додани низоми дунявӣ ба низоми динӣ дар кишвар мебошад. 

  Дар барномаҳои худ он қадар хунсардона ва бепарвоёна ҳарф мезанад, ки гӯё ба назари бинанда аз хеш як фарди дирӯз таваллудшуда, ки ба ҳеҷ коре рабт надорад метарошад. Ҳатто худро ҳамчун қаҳарамони филми голивудӣ Робен Гуд, ки мехоҳад ҳамаро ба қавле наҷот бидиҳад, ҷилва медиҳад. Тавре ба назар мерасад, ки ин аҳримансириштон аз воқиёти солҳои 90 уми қарни гузашта, ки гузаштагони ин ташкилоти ваҳшатафкан бар сари мардуми кишвар оварданд сабақ нагирифтааст. Боз мехоҳад вазъро барҳам занад, суботро аз байн барад, ки аз афташ хостори эҳё намудани он солҳои шуми вартаи гузаштаанд. Яъне боз мехоҳанд хуни тоҷику тоҷикистонӣ рехта, мардум гирифтори мусибати вахим бошанд. Ин ҳолат барои миллати тоҷик аслан чизи наве нест. Зеро аллакай дарк карда шуд, ки наҳзатиҳо махсусан барои ҳамин кор рӯйи майдон бароварда шудаанд. 

Дар ин масир ҳар корро карда истодаанд, то ин ки дубора эътимоди мардумро ба даст оварда, ташкилоти террористонаи худро, ҳамчун «наҷотдиҳанда» муарифӣ созанд. Вале мо худ шоҳид гардидем, ки чӣ тавр онҳо ба истиллоҳ метавонанд, наҷотидиҳанда бошанду ба чӣ рузҳои ваҳим мардумро гирифтор кунанд.


Вернуться назад