Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмуни грантҳои хурди Раиси ноҳияи Балҷувон
Главная > Хабар > Маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмуни грантҳои хурди Раиси ноҳияи Балҷувон

Маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмуни грантҳои хурди Раиси ноҳияи Балҷувон


10-04-2017, 07:48. Разместил: admin

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи ҳамкориҳо бо Иттиҳодияи ҷамъиятии “Маърифати шаҳрвандӣ” ва  дастгирии молиявии Хазинаи авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон давоми моҳҳои октябр-ноябри соли 2016 Лоиҳаи  “Омода кардани духтарони Балҷувон дар идоракунии давлатӣ” бо ташкили курсҳои омӯзишии “Духтарон – роҳбарони ояндасоз”-ро амалӣ гардонида, зиёда аз 20 нафар занону духтарони фаъоли касбу кори гуногунро ба он ҷалб сохт. Инчунин барои дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо аз ҳисоби маблағҳои ХАОМ Тоҷикистон ва мақомот озмуни грантҳои хурди раиси ноҳия эълон гардид, ки духтарони иштирокчии курс дар он фаъолона ширкат варзиданд. Аз шумораи умумии лоиҳаҳои пешниҳодшуда 9 лоиҳа аз тарафи комиссияи озмунӣ дастгирӣ ёфта, барои маблағгузорӣ ҷиҳати амалӣ сохтани онҳо пешниҳод гардиданд. Рӯзи 22 марти соли ҷорӣ дар чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии “Наврӯз” маблағҳои грантҳои духтарони дастгириёфта аз тарафи раиси ноҳия, меҳмонони олиқадр ва намояндагони ИҶ “Маърифати шаҳрвандӣ” ба таври тантанавӣ супорида шуданд.  

Ҳамзамон дар доираи Лоиҳаи  “Омода кардани духтарони Балҷувон дар идоракунии давлатӣ” сафари духтарони иштирокчии курс ба шаҳрҳои Кӯлоб ва Қурғонтеппа давоми моҳи апрел пешбинӣ гардидааст.

Маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмуни грантҳои хурди Раиси ноҳияи Балҷувон
Маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмуни грантҳои хурди Раиси ноҳияи Балҷувон
Маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмуни грантҳои хурди Раиси ноҳияи Балҷувон


Вернуться назад