Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > Ба Муҳаммадиғвои шайтон!
Ба Муҳаммадиғвои шайтон!17-01-2023, 14:22. Разместил: admin |
Барномаҳои ифротиёни наҳзатӣ рӯз аз рӯз бо сенарияҳои кӯҳна бадтару дилгиркунанда шуда истодааст, ҳоло аз муаллифону ровиёнашон, ки ҳамон шахсиятҳои пасту кӯҳнаанд, намегӯям. Чуноне ки мегӯянд, “хар ҳамон хару туқумаш дигар шудааст” наҳзатиён ҳам ҳамон гуна. Муҳаммадиғвои Садриддин ҳам бо ҷакидану лақидан пир шуду мую риши рангкардаашро тарошид, вале ҳоло ҳам мелақаду меҷакад. Аз руйи даҳҳо сенарияҳои кашидаи хоҷагони хориҷиаш баромад карда, гузориш ва маълумотҳои росту дуруғини онҳоро истифода карду мекунад. Хулоса, ҳар коре, ки мекунаду анҷом медиҳад, вале ба мақсади аслии худ ҳеҷ гоҳ намерасад. Чун ҷонибдорони худро дар Тоҷикистон пайдо накард ва ҳеҷ гоҳ намекунад. Имрӯзҳо мебинем, ки порчаҳо аз барномаи “Минбари муҳоҷир”-аш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд. Боз ҳамон гапҳои кӯҳнаю обшуста. Боз ҳарвақта барин наҳзатиҳо “фариштаҳои осмониву” Ҳукумати Тоҷикистон “золиму қотил”. Чуноне, ки қайд намудем, ин ҳама ҳиллаву найрангҳо аз тарафи Муҳаммадиғвои ифротӣ на якуму дуюм бор аст. Ҳоло ин нокасу ифротии оқипадар ба мардуми тоҷик амру супориш медиҳад, ки ину фалон корро кунанду дар ин ё он ҷо инқилоб ташкил кунанд. Гӯё худ каллаи шерро оварда бошаду ё ними Тоҷикистонро ӯ обод карда ва ё ба пешравиҳо оварда бошад. Ҳоло талаби пайвастаи ӯ аз мардум, бахусус аз муҳоҷирони меҳнатӣ, ин бар зидди Ҳукумат ва Сарвари Олии кишвар хестан аст. Яъне, баргаштан ва ё такрори сенарияи солҳои 90-уми асри гузашта, ки ташкилкунандагони он ба мову шумо маълум аст. Набояд фаромӯш кард, ки сулҳу суботе, ки имрӯз миллати тоҷик дорад ба осонӣ ба даст наомадааст. Садҳо ҷавонмардони асили ин Ватан баҳри ҳимояи марзу бум, ҳимояи амну осудагии миллати шарифи Тоҷик, ки имрӯз дар гушаю канори Тоҷикистони азизамон фароҳам аст, ҷоннисориҳо кардаанд. Ва мо имрӯз бо туфайли ин абармардони халқи Тоҷик аст, ки озодона дар ҳар гушаю канори кишвар гашту гузор мекунем. Вале, имрӯз ду се тан саркардаҳои маймуннамо бо ду-се шиорпартоиҳои дурӯғин мехоҳнад сарзамини аҷдодии моро ба хоку хун оғушта сохта, оғуштаи хун созанд. Онҳо ҳамон мухолифони сулҳу суботамон ҳастанд. Гарчанде иддао доранд, ки пуштибони “демократия”-анд, вале талошҳои онҳо ҷиҳати аз байн бурдани сохти конститутсионӣ асту бас. Саркардаҳои наҳзатӣ, бахусус Муҳаммадиғвои гундалавҳ мехоҳад дар кишвари мо ноамниҳоро ба вуҷуд оварда, ҳамин тавр шароите барои пиёда сохтани аъмоли нопоки сарварони хориҷиаш фароҳам созад. Шавқат Назриев Вернуться назад |