Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН17-01-2023, 18:46. Разместил: admin |
Сиёсати тадбирҷӯянда ва созандаи Президенти кишвар шурӯъ аз моҳи сентябри соли 1999 (иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии СММ) то соли 2016 иштирок дар «Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об», бахусус қабули Қатъномаи A/RES/71/222 таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви ин созмон мақому манзалати Тоҷикистон ва обрӯю шуҳрати мардуми сарбаланди онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар гардонид.
Таҳлили фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба об собит месозанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок ва оқилона истифода бурдани захираҳои обӣ ва идораи муштараки он, дар сатҳи ҷаҳонӣ воқеан мақоми пешсафиро дорад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар доираи истифодаи захираҳои обӣ, бахусус дарёҳои фаромиллӣ, пешниҳодҳои Сарвари давлат ҷиҳати ҳалли масъалаи оби тоза ва мушкилоти марбут ба он, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири дипломатияи превентивӣ баромад намуда, барои таҳия ва бастани созишномаҳо ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон мусоидат хоҳад намуд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар баробари таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, пайваста рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, масъалаи норасоии оби тозаи нушиданӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор рафта, тадбирҳои заруриро тақозо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ буда, захираҳои он барои таъмини рушди устувори кишвар нақши муассир дорад. Дар баробари ин роҳандозии ҳамкории густурдаи байналмилаливу минтақавӣ аз ҷониби ҳукумати кишвар дар самти ҳалли масъалаҳои экологӣ ва таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, ҳиссагузорӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об боиси хушнудӣ ва сарбаландӣ мебошад.
Иқдоми дигари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо дастгирии 153 кишвари узви СММ 14 декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, шаҳодат аз сатҳи баланди қадрдони ва дастгириёбии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистони азиз мебошад. Бояд қайд намуд, ки бо қабули ин қатънома натанҳо соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, балки инчунин дар саросари дунё 21 март ҳамчун Рузи байналхалқии пиряхҳо эълон гардид. Мояи ифтихори мост, ки баргузории конфренсияи байналмиллали дар соли 2025, маҳз дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шуд.
Бо ҷонибдорӣ аз ин иқдомҳои роҳбарияти кишвар, ҳар яки мо, ҷавонон месазад, ки дар шукргузорӣ аз ин Ватану миллати кӯҳанбунёд аз пайи омӯзиши илмҳои дунявӣ, азхудкунии забонҳои хориҷӣ бошем, то дар амалӣ намудани мақсадҳову ташаббусҳои милливу ҷаҳонии давлат ва Сарвари худ нақши худро гузошта бошем.
Марҳабо РАҲИМОВА, магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вернуться назад |