Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА - АРҶГУЗОРӢ БА ОДАТҲОИ ҚАДИМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Главная > Хабар > ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА - АРҶГУЗОРӢ БА ОДАТҲОИ ҚАДИМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА - АРҶГУЗОРӢ БА ОДАТҲОИ ҚАДИМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК


27-01-2023, 23:58. Разместил: admin

     Имрӯз дар маркази ноҳияи Балҷувон чорабинии сиёсию фарҳангӣ ба хотири истиқбол аз ҷашни миллии Сада бо иштироки раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Дар ин рӯзи фархунда кишоварзону ҳунармандон маҳсули дасти худро ба маърази тамошо гузошта, ҳамчун нишонаи арҷгузорӣ гулхани рамзӣ афрухта шуд. 

      Раиси ноҳия Сафарзода Бахтиёр зимни суханронӣ иброз дошт, ки  Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврўз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид. Мутобиқи тақвимҳои суннатии тоҷикон ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармои он ба охир расида истодааст ва фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ наздик аст. Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрўз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрўзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медињанд. Бояд гуфт, ки шинохти таърихи бостонӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи халқамон, эҳёи беҳтарин расму ойинҳои гузашта ва мутобиқ сохтани онҳо ба арзишҳои маънавии имрўза дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии моро мукаммалу устувор менамояд.

      Дар қисмати охири чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия хотири аҳли ҷамъомадагонро шод гардониданд.


Вернуться назад