Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ХОИНОН ҲЕҶ ВАҚТ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД!
Главная > Хабар > ХОИНОН ҲЕҶ ВАҚТ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД!

ХОИНОН ҲЕҶ ВАҚТ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД!


30-01-2023, 18:35. Разместил: admin

      Рӯз аз рӯз доман паҳн намудани амалҳои террористию экстремистӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ва вазъи ҳассоси ҷаҳонӣ фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистии мухолиф ба сиёсати имрӯзаи давлати моро ба истилоҳ “ҷоннок” намуда, онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки ҳама пешрафту шукӯфоҳӣ ва рушди хоҷагии халқи мамалакатро бо роҳи дасисаю тавтеа камранг нишон диҳанд. Бахусус, пойгоҳи хабарии “Ислоҳ.нет”, ки ҳамеша зери султаи ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом хабарҳои бардурӯғу ҳангомаҷӯёнаро пахшу расонаӣ мекунад, зери ровигии Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамеша дар пайи ноорому ноамнии Тоҷикистон кору фаъолият менамояд. 

      Ин асолатбохта аз мушкилоти андаки мамлакатамон  ҳамеша бо роҳи тавтеаю фиреб  барномаҳои иғвоангези сар то по тӯҳмату бӯҳтон пахш намуда, бо ин роҳ ба хотири хоста гардонидани супоришҳои хоҷагони хориҷӣ ва дарёфти сарчашмаҳои калони маблағгузорӣ барои нафси бад ба тамоми кору пайкор қодир аст. Танҳо аз ҳаводиси Бадахшон, ки дар 

натиҷаи амалиёти махсуси сохторҳои давлатӣ гурӯҳҳои ҷиноятпешша безарар карда шуданд, ин ҳодисаро ба манфиати худу атрофиёнаш истифода намуда, бо ин роҳ мехоҳад шумораи ба мисли худаш гумроҳшудагонро бо манфиатҳои ғаразноки сиёсӣ “самаранок” истифода намояд. Охири ҳар барнома ҳамеша дар фикри лайкгузории барномаҳои иғвоангезаш мебошад. Яъне,  маълум аст, ки чи қадаре, ки лайку тамошобин зиёд шуд, ҳамон қадар доираи даромади шахсии ин асолатбохта зиёд мешавад. Дар андешаи инсони комил маълум аст, ки фаъолияти ӯву ҳамтоёнаш танҳо ба даст овардани сармоя ва ба ҷангу хушунат таҳрик додани мардум мебошад. Вале, тири ӯву пири “маънавияш” роҳбари ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом Муҳидин Кабирӣ хок хоҳад хурд. Зеро мардуми мо аз аъмоли баъди ин гурӯҳи хиёнаткор бохабаранд ва то вақте ки ҷавонони ватандӯсти ин марзу бум зиндаю саломатанд, пойи номубораки ин хоинон дар хоки Ватан гузошта намешавад.

      Зинда бод эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!


Вернуться назад