Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > Э Ъ Л О Н
Э Ъ Л О Н2-03-2023, 12:17. Разместил: admin |
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Балҷувон барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон 1. Мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Балҷувон 1 ҷой, маоши мансабӣ 1423 сомонӣ. 2. Мутахассиси пешбари бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ. 3. Мутахассиси пешбари бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ. 4. Мутахассиси шуъбаи ташкили ва кор бо кадрхои дастгоҳи раиси ноҳияи Балҷувон 1 ҷой, маоши мансабӣ 871,50 сомонӣ. 5. Мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон 1 ҷой, маоши мансабӣ 871,50 сомонӣ.
Мақомоти худидоркунии деҳоти ноҳия. 1. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон 1 ҷой маоши мансаби 1236,70 сомонӣ 2. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев 1 ҷой маоши мансаби 1236,70 сомонӣ. 3. Сармутахассис-муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Балҷувон 1 ҷой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ. 4. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Балҷувон 1 ҷой маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ.
Талаботҳои тахассусӣ Барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш (категорияи чорум): - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 3 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботҳои тахассусӣ Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис (категорияи панҷум): - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботҳои тахассусӣ Барои ишғолкунандаи мансаби мутахассиси пешбар (категорияи шашум): - таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Талаботҳои тахассусӣ Барои ишғолкунандаи мансаби мутахассис (категорияи ҳафтум): - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатӣ таъмин карда метавонад.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда: - ариза ба унвонии роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона расми андозаи 4х6); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахси собиқаи меҳнатӣ надорад; - маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 038УЕ; - нусхаи шиноснома; - эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ; - гувоҳнома рақами мушаххаси андозсупоранда; - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд). Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс: 735327, ноҳияи Балҷувон, Ҷамоати деҳоти Балҷувон, деҳаи Балҷувон, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ошёнаи 3, утоқи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия.
Суроғаи почтаи электронӣ: info@baljuvon.tj, kadrho.baljuvon@khatlon.tj, shavkatjon.00@mail.ru.
Телефон: : (8-33-57) 2-12-25, факс 2-12-74, +992934404341, +992904404142
Қабули ҳуҷҷатҳо: Баъди нашри расмии эълон то 21 рўз муҳлат дорад. ЭЗОҲ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад. Вернуться назад |