Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > МУБАЛЛИҒОНИ ТЭТ НАҲЗАТ ЛУҚМАИ НОНАШОН АЗ ИНТИҚОДИ ТОҶИКИСТОН АСТ!
Главная > Хабар > МУБАЛЛИҒОНИ ТЭТ НАҲЗАТ ЛУҚМАИ НОНАШОН АЗ ИНТИҚОДИ ТОҶИКИСТОН АСТ!

МУБАЛЛИҒОНИ ТЭТ НАҲЗАТ ЛУҚМАИ НОНАШОН АЗ ИНТИҚОДИ ТОҶИКИСТОН АСТ!


10-03-2023, 11:58. Разместил: admin

Имрӯз роҳбарону масъулони фирории наҳзатӣ нашармида мақсади ба даст овардани мақсадҳои ғаразно¬кашон ва иҷрои супоришҳои хоҷагонашон фаъолияти иғвогаронаю душманонаашонро идома медиҳанд. Онҳо сафедро сиёҳ мегӯянду худро ҷабрдидаи замон эълон мекунанд. Дар бораи фарзандони баруманди кишварамон, ки дар лаҳзаи душвортарин ҷони худро дар хатар гузошта, ватанро ҳимоя кардаанд, ҳарфҳои носазо мегӯянд. Шояд террористони наҳзатӣ гумон доранд, ки мардуми тоҷик боз ба фиреби онҳо бовар мекунанд. Аммо дигар чунин нест. Тамоми мардум ва ҷомеаи байналхалқӣ ҳам медонанд, ки ТЭТ ҲНИТ ҳоло як гурӯҳаки заифу нотавон ва дастнигари баъзе доираҳои хориҷии манфиат¬дор асту аз дасташ коре намеояд.

Бояд гуфт, ки наҳзатиён аз содир кардани ҷиноятҳои сангини террористӣ даст накашиданд. Бо супориш ва маблағгузории роҳбари фирории ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ 4 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои фаъол ва роҳбарикунандаи ҳизби мазкур кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ сурат гирифт. Дар натиҷа ҷавонони бо нангу номус ва мусалмони тоҷик, ки мақсади дифоъ аз Ватану миллати худро доштанд, аз силоҳи террористони наҳзатӣ кушта шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳар як пешравӣ, дастовард, муваффақияте, ки насиби мардуму миллату давлати Тоҷикистон мегардад, барои онҳо мусибат аст, мотам аст. Аз қаҳру ғазаб даруни хешро мехӯранду аламашонро аз қалам мегиранду аз саҳифаҳои иҷтимоӣ дар “Фейсбук” ва “Ютуб” ва ғайра. Чунон чирк аз зери нохун меҷӯянд, ки худ дар он ғарқ мегарданд ва чун пайдо накарданд, пайи афсонабофӣ меафтанд. Барои таскини қалбашон мебофанду менависанду мехонанд.

Зеро луқмаи нонашон аз интиқоди Тоҷикистон аст. Дастури хоҷаҳояшонро доранд, ки ба ҳеҷ минвол бояд дар хурсандии миллати худ шарик нашаванд. Онҳо бояд тоҷикро танҳо ва танҳо бо хоку хун олуда бинанд. Тоҷики орому осуда, бо давлати мустақилу озод барояшон лозим нест. Барои ҳамин ҳам “Паймони зиддимиллӣ” сохтаанд. То ҳар қадар, ки тавонанд дар чархаи рушду тавсиаи Тоҷики куҳанбунёд ва Тоҷикистони навину дунявӣ чӯб гузоранд. Вале ҳар дафъа чӯбашон мешиканаду тарошаҳои он чунон дар фарқи сарашон мезанад, ки моҳҳо ба худ намеоянд. На худу на хоҷагони ғаразҷӯяшон.

Аҷабо, ки ин хоинони ватанфурӯш ва муздурони хориҷӣ дигар бо ҳангомаи сиёсатбозӣ машғул шуда, куллан фаромӯш кардаанд, ки онҳоро замоне модари тоҷик дар кишваре бо номи Тоҷикистон зода буд ва онҳо аз ҳавои мусаффои ин диёри биҳиштӣ нафас кашидаву бо обу нону намаки ин Ватан ба воя расидаанд. Мутаассифона, имрӯз мехоҳанд по бар рӯи хоне гузоранд, ки аз он нон хурдаанд ва санг мехоҳанд бар намакдоне зананд, ки аз он намак чашидаанд. Ин қабил афроди носипосро, ки ба қадри нону намаки Ватан ва ҳамватанони худ намерасад, мардуми мо дар урф намакношинос мегӯянд ва бар он боваранд, ки онон  ҳатман ба нону намаки Ватан ва дидори ҳамватанон зор хоҳанд шуд. Воқеияти рӯзгори феълии ин хоинон дурустии ин бовари мардуми моро собит мекунад. 

Имрӯзҳо бо мақсади барқарор кардани мавқеи худ ин ташкилоти тахрибгар ба ҳанноти сиёсӣ мубаддал гардида, сафедро сиёҳ мегӯяду худро ҷабрдидаи замон эълон мекунад. Дар бораи фарзандони барӯманди кишварамон, ки дар лаҳзаҳои душвортарин ҷони худро дар хатар гузошта, ватанро ҳимоя кардаанд, ҳарф¬ҳои носазо мегӯяд. Шояд террористони наҳзатӣ гумон доранд, ки на ҳама шоҳидони замон дар қайди ҳаётанд ва ҳар cухани бемантиқонаю беасосе, ки дар нӯги забонашон омад, мегӯянд. Вале онҳо бояд барои як ҳарфи беҷояшон ҳам дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Ин дар ҳолест, ки кулли фаъолият ва амалҳои онҳо ҳам аз доираи хираду ахлоқи инсон ва ҳам қонуну қоидаҳои давлатӣ берун мебошад.

Аз ҳамин сабабҳо, насли калонсол, падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, матбуот, радиову телевизион ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба кор баранд, сӯҳбатҳои нишонрас ташкил намоянд, гуфтор ва намоишҳои ибратомӯз пахш кунанд, то онҳо ба доми фиребу, ташвиқоти ҳаргуна гурӯҳҳои ифротгаро наафтанд.


Вернуться назад