Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Freedom House (Хонаи Озодӣ) ташкилоти иғвогарон ва ҷангҷуён
Главная > Хабар > Freedom House (Хонаи Озодӣ) ташкилоти иғвогарон ва ҷангҷуён

Freedom House (Хонаи Озодӣ) ташкилоти иғвогарон ва ҷангҷуён


10-03-2023, 15:16. Разместил: admin

Радиои озодӣ, ки василаи паҳн намудани хабару мауолаҳои дуруғи ғарбиҳо аст, дирӯз дар сомонаи худ хабареро оид ба таҳқиқоти Хонаи Озодӣ нашр намуд, ки дар он Тоҷикистон ҳамчун кишвари ноозод арзёбӣ гардидааст. Бояд қайд намуд, ки хабар ва иттилооти нашргардида ягон асоси воқеӣ надошта, танҳо бо ғараз нашр гардидааст. Зеро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ҳеҷ як созмон ё давлат ҳуқуқи дахолат намудан ба сиёсати дохилии давлати дигарро надорад. 

 

Дигар ин, ки мавқеи чунин созмонҳо ва гузоришҳои онҳо ифодакунандаи мавқеи ҷомеаи ҷаҳонӣ нест. Ин ки Freedom House (Хонаи Озодӣ) дар гузориши худ Тоҷикистонро ба рӯйхати кадом давлатҳо ва дар чандум қатор ҷой додааст, ин маънои онро надорад, ки созмонҳои байналмилалӣ ва ё ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати Тоҷикистон чунин мавқеъ дошта бошанд. Ба маврид аст, ки дар инҷо як мисоли муқоисавӣ орем то моҳияти масъала пурра равшан гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид аст. Ва то ҳол ягон маротиба нашудааст, ки СММ ва ниҳодҳои зертобеъи он Тоҷикистонро оиди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиаш ба рӯйхате ворид намуда, интиқод карда бошанд. 

 

Баръакс то имрӯз аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва раванди барқарориву ҳифзи сулҳ дар кишвар СММ ситоиш намуда, намунаи онро дар ҳалли мушкилоти минтақаи мушаххас истифода менамояд. 

 

 Масъалаи дигар ин аст, ки ин созмонҳо аз ҷониби шахсони алоҳида ва давлати алоҳида ташкил гардидаанд ва он ифодакунандаи мавқеи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда наметавонад. Масалан, агар як шаҳрванди Тоҷикистон бо ном як созмони байналмилалии “Дахолат ба умури давлатдорӣ” таъсис дода, ҳама сола гузоришҳое нашр намояд, ки як давлат ба умури давлатдории давлати дигар дахолат намуда истодааст, ин маънои онро надорад, ки он мавқеи ҷомеаи ҷаҳониро баён намуда истодааст. 

 

 Аз ҳамин лиҳоз бояд дарк намуд, ки мавқеи ин созмонҳо мавқеи ҷомеаи ҷаҳонӣ нест ва гузоришҳои онҳо низ ифодакунандаи тамоми воқеиятҳо нест. Ва дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ он гузоришҳо арзиши муайянкунанда надоранд. 

 

Freedom House (Хонаи Озодӣ) бо овардани далелҳои беасос Тоҷикистонро кишвари ноозод муаррифӣ намудааст. Дар ин раванд таъкид кардааст, гуё дар Тоҷикистон журналистон фаъолияти озод надорад. 

 

Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти озоди журналистон қонунгузории мушаххас, ки дар асоси арзишҳои демократӣ таҳия гардидаанд, мавҷуд аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти озодона ва қонунии дилхоҳ журналист ва рӯзноманигорро кафолат додааст. Яъне дар кишвари мо озодии матбуот ва озодии сухан кафолат дода шудааст. Барои ин садҳо далелро метавонем инҷо зикр кунем. Мавҷудияти рӯзномаҳо, сомонаҳои иттилоотии мустақил ва телевизиону радиоҳои мустақил дар кишвар далели возеҳи он аст, ки дар Тоҷикистон озодии матбуот ва фаъолияти журналистӣ кафолат дода шудааст. Дар баробари ин садҳо журналистони мустақил дар саросари кишвар фаъолият доранд ва дар фаъолияти онҳо ҳеҷ монеае ҷой надорад. 

 

Мутаассифона дар ҷомеа баъзе аз журналистон ва блогерон манфиатҳои миллии Тоҷикистонро дарк накарда, ба корҳое даст мезананд, ки ба сохтори конститутсионии давлат ва раванди таъмини амнияти миллӣ таҳдид ба вуҷуд меоранд. Аз ҷумла ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва мусоидат намудан ба фаъолияти чунин созмонҳо тавассути интернет ва воситаҳои ахбори омма, ки тибқи қонунгузории кишвар ҷиноят ба ҳисоб меравад. Гарчанде солҳо боз мақомотҳои давлатӣ тавассути шабакаҳо ва расонаҳои хабарӣ ба шаҳрвандон муроҷиат намуда, даъват ба амал меоранд, ки аз хатари созмонҳои экстремистиву террористӣ эҳтиёт намоянд ва бо онҳо ҳамкорӣ накунанд, мутаассифона то ҳол баъзе афрод ба чунин амалҳо даст мезананд. 

 

Албатта, чунин кирдорҳои онҳо барои манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат таҳдидҳо дорад, ки бартараф намудани онҳо амри зарурӣ аст. Зеро барои ҳар як давлат ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ ҳадафи олӣ ба шумор меравад. Дигар ин, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон волоияти қонун таъмин буда, баробарии ҳама дар назди қонун кафолат дода шудааст. Бинобар ин ҳар фарде, ки ба ҷиноят даст мезанад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда мешавад.

 

Сайф Девонсолор , муҳаққиқи илмҳои сиёсӣ


Вернуться назад