Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ИСТИҚБОЛИ ШОИСТА АЗ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР КУДАКИСТОНИ #1 БО НОМИ "ПАРАСТӮ"
Главная > Хабар > ИСТИҚБОЛИ ШОИСТА АЗ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР КУДАКИСТОНИ #1 БО НОМИ "ПАРАСТӮ"

ИСТИҚБОЛИ ШОИСТА АЗ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР КУДАКИСТОНИ #1 БО НОМИ "ПАРАСТӮ"


16-03-2023, 21:54. Разместил: admin

     Имрӯз дар кудакистони #1 ба номи "Парастӯ" чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса ташкил карда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин муовини раиси ноҳия Ҳақназарзода Балхия низ дар чорабинӣ ширкат намуданд. Тифлакони дуструяки кудакистон зери роҳбарии мудири кудакистон Маҷидова Файзигул бо маҳорату малакаи наврасии худ меҳмононро истиқбол гирифтанд. Раиси ноҳия Сафарзода Бахтиёр зимни суханронӣ ёдрас шуданд, ки ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаву мардумӣ ва рукни муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, яке аз ҷузъҳои арзишмандтарини фарҳангу маданияти миллӣ ба шумор меравад. Гузаштагони бошарафамон ин ҷашни миллиро ҳамчун ҷашни шодиву сурур, оғози фасли зебогиву бедорӣ ва рангорангии табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва фасли шукуфтанҳову рустанҳо таҷлил менамуданд. Боиси ифтихору сарфарозӣ ва болидагист тӯли солҳои соҳибистиқлолии меҳани аҷдодӣ бо талошу заҳмат ва меҳнатҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз ба худ хусусиятҳои нав ба нав касб намудааст ва аллакай нуфузи байналмилалиро соҳиб гашта ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба моҳияту мазмуни ин ҷашни бошукӯҳ аз ҷумла чунин таъкид намуданд: “Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад”.

Воқеан ҳам, ҷавҳари таърихиву фарҳангии ҷашни Наврӯзро саодату пирӯзии аҳли башар ташкил дода, дар тӯли қарнҳои зиёд инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, ин падидаи асили фарҳанги миллӣ дар ягон давру замон куҳнашавиро напазируфта, ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мондааст.

     Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби кӯдакон ва аҳли фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ ташкил гардида, сурудҳо дар васфи баҳору наврӯз қироат карда шуданд. 

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон


Вернуться назад