Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ҶАВОНОН ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ.
Главная > Хабар > ҶАВОНОН ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ.

ҶАВОНОН ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ.


16-03-2023, 22:00. Разместил: admin

Худшиносии миллӣ тарбиятпазир буда, бо роҳи таълиму парвариши нек ва бедор намудани ҳиссиёти ифтихори таърихӣ ва ғурури миллӣ ба он суръат бахшидан мумкин аст. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат худшиносиро дар таълимоти худ ҳамчун омили дарк намудани мақому манзалати инсонӣ, ҷустуҷӯйи ҳақиқату адолат ва озодиву истиқлол маънидод намуда, нишон медиҳанд, ки маҳз эҳсоси худшиносии миллӣ халқи тоҷикро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи дуру дароз ва пурфоҷеааш ба талошу муборизаҳо баҳри истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Дар яке аз суханронияшон Роҳбари давлат гуфтаанд, ки бедории сиёсӣ ва худшиносии мардум буд, ки ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.


Вернуться назад