Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД!
БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД!28-03-2023, 19:42. Разместил: admin |
ВОКУНИШ: Дар фазои соҳибистиқлолии кишвар имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба дастоварҳои бузурги дохилию хориҷи ноил шуда истодааст. Яке аз дастовардҳои хориҷии кишварамон дар замони соҳибистиқлоли ин пешниҳоди ташаббусҳо дар арсаи байналмиллалӣ мебошад, ки нуфузу эътибори ин кишвари биҳиштосоямонро боз ҳам баландтар намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати ташаббускор дар байни ҷаҳониён муаррифи намудааст. Яке аз ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон ин аст, ки санаи 14-уми декабри соли 2022, дар бобати ҳифзи ҷаҳонии пиряхҳо, аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид, дар Иҷлосияи 77-уми Қатъномаи Тоҷикистон таҳти унвони “2025-соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо”, бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд, ки ин ташаббусҳо ва пешравиҳои миллати тоҷикро баъзе аз бадхоҳон дидан намехоҳанд. Ҳангоме, ки сухан дар бораи бадхоҳони миллат меравад, бо бовари гуфта метавонем, ки пеши назар роҳбари бадхоҳон, душманон, хоинон, ватанфурушон, зархаридон, нохалафон, иғвогарон ва ҳоказоҳо М. Кабирӣ меояд, чунки хурду бузурги ин сарзамин аз ҳамаи кирдорҳои ин хоини миллат огоҳӣ доранд. Ин ахшоси палид бо истифода аз он фурсате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо Подшоҳии Нидерландия раисикунандаи Конфронси об мебошанд, як тӯда ашхоси ноогоҳро гирд оварда, нисбати давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтогуиро роҳандозӣ карда, сару садо бардоштанд. Кабирии нохалаф бо мақсадҳои нопоки худ мехост, ки дар арсаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон ва Пешвои миллати тоҷикро паст занад, аммо ҳеҷ гоҳ ба мақсадаш расида наметавонад, зеро ҷомеаи ҷаҳони аз амалҳои нохалафона ва иғвоангезонаи ТТЭ ҲНИ хуб огоҳӣ пайдо намудаанд. Мо ҷавононро имрӯз зарур аст, ки сулҳу ваҳдат, тинҷию оромӣ ва истиқлолияти беназиру беҳамтои кишварамонро ҳифз намоему насли наврасро низ дар ҳамин роҳ равона созем. Сафаров С. Вернуться назад |