Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ВАТАНФУРӮШОН ХОКИ ВАТАН КӮРАТ КУНАД!
Главная > Хабар > ВАТАНФУРӮШОН ХОКИ ВАТАН КӮРАТ КУНАД!

ВАТАНФУРӮШОН ХОКИ ВАТАН КӮРАТ КУНАД!


29-03-2023, 11:15. Разместил: admin

Имрӯзҳо бисёранд он ватанфурӯшоне, ки аз дур истода ба суйи миллати тоҷик санги маломат намуда, худро чун сиёсатмадорони босавод нишондодаву оромии миллатро мехоҳанд барҳам занонида тазоҳуротҳои пучу бемаъниро ба амал оваранд.

Вале кайҳот, ки онҳо худ аз ҷоҳилии худ бехабар монда, ҳанузҳам зархариди хоҷагони худ ҳастанду бо луқмаи ҳаромӣ онҳо зиндагии хешро пеш мебаранд. Аммо то куҷо?

Дигар ҳеҷ кас ба ин дасисаву найрангҳои шумо палидони ватанфурӯш бовар нахоҳад кард. Ҳама он шағолсифатоне, ки дар гирду атрофи хеш мутоеъ сохтаеду хидмати хоҷагони хешро месозед чуз як мушбашр чизе нестанд.

Аз дури истодаву ғайбат кардан ва туҳмати бардуруғ кори тоифа мардуми бехираду дур аз одобу тарбият аст, ки ин сифатҳо низ даври шумо намегарад.

Магар мешавад, ки бо худододагон ситеза кард! Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷаҳон эътироф кардаву чун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳони мешиносанд.

Магар эй хоинони ватанфурӯш шумо ба худододаҳо низ рашку ҳасад мебаред?

Мо аз хӯрд то бузурги миллати тоҷик паҳлуи Пешвои миллати хеш ҳастем ва то нафаси охирин баҳри пешравиву ободӣ, оромиву осудагӣ ва дӯстиву ҳамдилӣ талош хоҳем кард.

Зеро ки мактаби мардонагиву инсондӯстии Роҳбарияти олии мамлакат дар хуни мо ҳисси масъулиятнокӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллиро таҷассум намудааст, ки чун шери жаён баҳри осудагии Ватан ҷон нисор хоҳем кард.

Ва ин масарҳои балнди шеъри, ки таъсираш ба ҳафтпуштаи ватанфурӯшон таъсир хоҳад кард дарсест барои хоинон.

 

Тоҷики меҳанфурӯш номи Ватан кӯрат кунад,

Аз Ватан дурат кунад, дурат кунад, дурат кунад.

То даме ки зиндагӣ дар кишвари бегонагон,

Бандиву зиндониву тобеву муздурат кунад.

Ору номуси ватандорӣ надорӣ, боз ҳам,

Луқмаи бегонагон хоҳам даҳоншӯрат кунад.

Дар ватан фавтидагон дар хоки меҳан зиндаанд,

Шарбати пистони модар, зинда дар гурат кунад.

Баъди мурдан гар намехоҳӣ фишорат хоки ғайр,

То азони вай шавӣ хоҳам, ки маҷбурат кунад.


Вернуться назад