Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ, ХИЗМАТИ АҚИБГОҲ, БЕМОРОНУ НИЁЗМАНДОН
АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ, ХИЗМАТИ АҚИБГОҲ, БЕМОРОНУ НИЁЗМАНДОН6-05-2023, 14:45. Разместил: admin |
Сиёсати иҷтимоии давлат дар меҳвари асосии сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, мунтазам табақаи ниёзманди ҷомеа дар арафаи иду ҷашнҳо бо кӯмакҳои молию пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Имрӯз дар доираи амалисозии ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 78 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ба аёдати як қатор собиқадорони ҷангу меҳнат, хизмати ақибгоҳ ва беморону барҷомондагон рафта, аз ҳолу аҳвол ва шароити зисти онҳо шинос гардиданд. Раиси ноҳияи Балҷувон муҳтарам Сафарзода Бахтиёр бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, иброз доштанд, дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо доимо зери назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон қарор дорад. Инчунин ба онҳо кӯмакҳои молию пулӣ расониданд. Собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар пирони рӯзгордида аз ин таваҷҷуҳу дастгириҳо изҳори миннатдорӣ баён дошта, барои пешрафти Ватани азизамон -Тоҷикистон дасти дуо бардоштанд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон Вернуться назад |