Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > МАШҚИ ҒАЙРИНАҚШАВӢ
Главная > Хабар > МАШҚИ ҒАЙРИНАҚШАВӢ

МАШҚИ ҒАЙРИНАҚШАВӢ


13-05-2023, 12:45. Разместил: admin

БО ҶАЛБИ ҚУВВА ВА ВОСИТАҲОИ НИЗОМИ ЯГОНАИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

 

     Дар доираи иҷрои Амри раиси вилояти Хатлон аз 4 майи соли 2023, №11 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ» амри раиси ноҳияи Балҷувон ба тасвиб расида, дар ин доира як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

     Рўзи 10 май аз тарафи хадамоти алоқа соати 06:00 бонги ҷамъшавӣ эълон карда шуда, ҳайати шахсӣ, техникаҳои зарурӣ ва қувваю воситаҳои Низоми ягонаи давлатӣ дар истгоҳи мусофиркашонӣ воқеъ дар деҳаи Сари мазори Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев ҷамъ гардиданд. 

     Дар бонги ҷамъшавии мазкур раиси ноҳияи Балҷувон – сардори мудофиаи граждании ноҳия Сафарзода Бахтиёр, намояндаи шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Кўлоб подполковник Ҳисайнов Маҳмадулло ва сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия капитан Сангов Баҳром иштирок ва суханронӣ намуда, ҳозириниро ба мақсади баргузории чорабинии мазкур шинос намуда, вазифаҳои хадамотҳои мудофиаи гражданиро муайян намуданд. 

     Дар натиҷа давоми рузҳои 10-12 майи соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти Балҷувон бо ҷалби қувва ва воситаҳо ба масофаи 210 метр селпартовҳои обгузари байни деҳаҳо тоза карда шуда, ҳамзамон бо ҷалби 1 адад экскватор ва 2 адад дулан бо иштироки зиёда аз 67 нафар шаҳрвандони Ҷамоати деҳоти Балҷувон ба масофаи 510 метр селпартовҳои бетонии хурд тоза карда шуданд. 

    Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосор ба масофаи 945 метр роҳҳои автомобилгарди аз офатҳои табиӣ зарардида тоза карда шуда, дар ин доира 1 адад Автогредер ва 10 нафар кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, ҷалб гардиданд. 

     Дар Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон бошад, ки фаромадани ярч дар болои деҳаи Калтачинор таҳдид менамуд, бо ҷалби 1 адад экскватор ва 3 адад дулан 35 рес хок бароварда шуда, ба дигар ҷой бурда шуданд. 

      Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев ба масофаи 620 метр каналҳои обгузари назди бозори марказӣ бо ҷалби 1 адад трактор ва 40 нафар кормандони хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, тоза карда шуд. 

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон


Вернуться назад