Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ИСТИҚБОЛИ ШОИСТА ВА ХОТИРМОН АЗ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
Главная > Хабар > ИСТИҚБОЛИ ШОИСТА ВА ХОТИРМОН АЗ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

ИСТИҚБОЛИ ШОИСТА ВА ХОТИРМОН АЗ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН


13-05-2023, 23:53. Разместил: admin

    Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон 15 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта мешавад. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1993 инҷониб ин чорабинӣ ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. 

     Бо мақсади истиқболи шоиста аз ин Рӯзи фархунда имрӯз дар Боғи Парчами давлатии ноҳия чорабинии хотирмони идона дар сатҳи баланд ташкилу баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр иштирок ва ҳозиринро ба ин Рӯзи ҷашн аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табрик намуданд. Ёдрас шуданд, ки оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва рафти инкишофи худи инсон, рушди ҷомеа вобаста мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд, ки “Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».

      Заҳмату кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат ба яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳаётии миллат – таҳкиму пойдории оила ва муносибатҳои оиладорӣ нигаронида шудааст. Зеро мустаҳкамӣ ва устувории оила маҳаки асосии субот ва назму тартиби ҷомеа мебошад. Бинобар ин, мо бояд дар якҷоягӣ содиқонаву софдилона заҳмат кашем ва садоқату ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва Пешвои миллатамон исбот намоем. Маҳз бо ҳамин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мо метавонем аз тамоми мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ раҳо ёфта, зиндагии осоиштаю бомароми худро идома диҳем ва дар рушду инкишофи давлати азизи худ саҳм гузорем.

      Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби раиси ноҳия Сафарзода Бахтиёр ба як қатор оилаҳои намунавӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, аз маҳсули дастранҷи ҳунармандони ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд. 

      Дар қисмати охири чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия хотири аҳли нишастро бо сурудҳои тару тоза ва тараннумгари истиқлолу озодӣ, шод гардониданд. 

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон


Вернуться назад