Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ПЕШВОИ МИЛЛАТ - АСОСГУЗОРИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ - АСОСГУЗОРИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ8-06-2023, 14:28. Разместил: admin |
Бо назардошти маҷмӯи масъалаҳое, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар иртибот ба коҳиши захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйироти иқлим ва дигар омилҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мушоҳида мегарданд, Сарвари Тоҷикистон кӯшиш менамояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо ҷалб созад.
Нақши бузурги обро дар сайёраи мо ба назар гирифта, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон аз минбари баланди 54-умин ҷаласаи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид баромад карда, дархост пешниҳод намуд, ки соли 2003-юм “Соли байналмилалии оби тоза” пазируфта шавад.
Дар ҳақиқат, пайдоиш ва инкишофи тамаддуни башарӣ ва умуман ҳамаи мавҷудот дар сайёраи мо бо об алоқамандии ногусастани дорад. Об муҷизаноктарин моддаи сайёраи мо буда, дорои хосиятҳои зиёди муқаррарист, ки баҳри фаҳмидани сирру асрори он дар таърихи башарият кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода шудааст. Оид ба об ва нақши он дар инкишофи тамаддуни инсони олимони соҳаҳои мухталиф ба монанди дипламатон, муаррихон, файласуфон, кимиёгарон, физикҳо, нуҷумшиносон, риёзидонон, биологҳою экологҳо, табибон, геологҳо ва ғайраҳо таҳқиқоти зиёдро ба сомон расонидаанд. Вале то ҳанӯз инсон сирру асрори обро бо пуррагӣ кашф накардааст. Дар сайёраи мо қисми табиие вуҷуд надорад, ки дар таркибаш бо ин ё он миқдор об мавҷуд набошад.
Иқдомҳои дигари Пешвои миллат низ дар самти норасоии оби нӯшокӣ дар сайёра эълон намудани “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015”, “Соли 2013-соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об” қабул ва пазируфта шуд.
Тавре ба мо маълум аст, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки дар он захираҳои обӣ нисбатан фаровонанд. Аз чунин ҳаҷми бузурги об танҳо қариб 10 фоизи он барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти дохилӣ сарф шуда, оби боқимонда ба мамлакатҳои поёноб ҷорӣ мегардад, ки дар он ҷо асосан барои обёрӣ истифода бурда мешавад. Бо вуҷуди захираҳои фаровони об бештар аз 40 фоизи аҳолии мамлакати мо аз оби тозаи ошомиданӣ истифода бурда наметавонад ва таъмини баъзе ноҳияҳои дурдасти мамлакат бо оби тоза ба проблемаи душвор табдил ёфтааст.
Масъалаи оби тоза ва мушкилоти вобаста ба он аз зумраи он масоили мубраме мебошад, ки вобаста ба аҳамияти гуногунпаҳлӯи худ дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мадди назари доимии сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо назардошти маҷмӯи масъалаҳое, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар иртибот ба коҳиши захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйироти иқлим ва дигар омилҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мушоҳида мегарданд, Сарвари Тоҷикистон кӯшиш менамояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо ҷалб созад.
Дар ин маврид қобили тазаккур аст, ки ин ибтикорҳо дар доираи созмонҳо ва ҳамоишҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ ҳамовозии самимона пайдо намудаанд.
Мушкилоти дигари глобалии ҷаҳони муосир норасоии оби тоза, гармшавии иқлим ва партовҳои газҳои гулхонаӣ маҳсуб мегардад. Вобаста ба ин масъалаҳои мубрами сатҳи ҷаҳонӣ низ Пешвои миллат борҳо дар сатҳи байналмилалӣ баромад намуда, барои пешгирии гармшавии иқлим ва обшавии пиряхҳо, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаиро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуда буданд. Дар ин давра ба хотири муҳокима ва таҳияи роҳҳои беҳтарини шарикиву ҳамкорӣ дар соҳаи об, густариши донишу малакаҳо оид ба василаҳои дипломатияи об як қатор чорабиниҳои глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ гузаронида шуданд, ки дар он нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад.
Масъалаи дигаре, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, истифодаи имкониятҳои хориҷӣ барои таъмини пешрафти кишвар ва рушди иқтисоди он мебошад. Вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар хусусиятҳои хоси худ ҷумҳурӣ баъзе мушкилоте дорад, ки онҳоро тавассути ҷалби маблағгузориҳои дохилию хориҷӣ ҳал кардан мумкин аст.
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки тавассусти иштироки фаъолу муассири он дар равандҳои бисёрҷанбаи минтақавию глобалии ҷаҳони имрӯза муваффақона роҳандозӣ мегардад, ба баланд шудани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад. Бо туфайли ин сиёсат имрӯз саҳми ҷумҳурӣ дар амалӣ намудани ҳадафҳои глобалии ҷаҳони муосир – таъмини амният ва сулҳу субот, ҳаёти осоишта ва созанда дар паҳнои сайёра аз ҷониби ҳамёрони минтақавию байналмилалӣ ва дар маҷмуъ ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф карда шудааст. Дар ин росто сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти пурсамари ӯ ҳамчун сиёсатсолори миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон минбаъд низ дар сиёсати дохиливу хориҷии худ ба арзишҳои умумиинсонӣ содиқ монда, татбиқи принсипҳои универсалии он – таъмини сулҳу субот, ҳуқуқбунёдӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалии баробарҳуқуқро идома хоҳад дод.
Иқдоми чаҳоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмааи умумии СММ бо ҳаммуаллифи 177 кишвари аъзои ин созмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қабул гардид.
22 марти соли 2023 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар конфронс, Подшоҳи Нидерланд, Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Ботсвана, Боливия, Ироқ, Словения, Либерия, Раиси Шурои Босния ва Ҳерсеговина, Тувалу, Намибия, муовинони сарвазирони Барбадос, Куба, Конго, Монтенегро, Эфиопия, Ветнам, ҳайатҳои расмии кишварҳои узви СММ, аз ҷумла 110 ҳайат бо роҳбарии вазирон, инчунин роҳбарон ва намояндагони зиёда аз 100 созмони минтақавию байналмилалӣ бо шумули Президенти Бонки ҷаҳонӣ, иштирок карданд. Боиси ифтихор аст, ки Конфронси таърихиро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд омода карда, онро мизбонӣ намуданд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори Конфронсро расман кушода эълон намуда, дар назди ҳозирин суханронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад. Бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намудааст ва татбиқи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминаи сазовор мегузоранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза, мушкилоти марбут ба об, тағйирёбии иқлим, таъсири офатҳои табиӣ ба иқтисодиёту амнияти кишварҳо, иқдомҳои Тоҷикистон дар самти рушди “иқтисоди сабз” ва тавлиди “энергияи сабз” андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи таҳдиду хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди “нерӯи сабз” ва пойдории табиат бетаъсир намемонад.
Таъкид гардид, ки маҳз ба ин хотир, дар раванди омодагӣ ба Конфронс Тоҷикистон бо Подшоҳии Нидерланд ва шарикон аз Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи асосиро ба гирифтани уҳдадориҳо ҷиҳати суръатбахшӣ ба амалҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди марбут ба об равона намудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо ба талошҳои ҳамгироёна дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла зимни татбиқи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милал эълон гардид, идома хоҳем бахшид. Дар ин замина, соли 2025 Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баргузор менамояд.
Зимни суханронӣ дар Конфронси об Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияту афзалияти таҳия ва қабули як қатор санаду барномаҳо, аз қабили Стратегияи миллии Тоҷикистон дар соҳаи об ва Барномаи миллии ҳадафнок андешаҳои ҷолиб баён доштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи байналмилалӣ дар самти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо бо дарназардошти имкониятҳои молиявию иқтисодии худ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ минбаъд низ саҳми худро дар самти кам кардани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим хоҳад гузошт.
Умедворем, ки бо пайдо намудани роҳҳои нав ва кам кардани газҳои партовӣ ба атмосфера, инчунин, бо тарзу усулҳои замонавӣ ба роҳ мондани истеҳсолот то андозае метавонем дар паст кардани сатҳи тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо саҳмгузор бошем.
**Ислом ФАСЕҲЗОДА,** Вернуться назад |