Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ОМӮЗИШ ВА ИСТИФОДАИ ТАҶРИБАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ДАР МИҚЁСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ОМӮЗИШ ВА ИСТИФОДАИ ТАҶРИБАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ДАР МИҚЁСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ15-06-2023, 10:35. Разместил: admin |
Муноқишаи мусаллаҳонаи солҳои 1992-1997, ки дар баъзе сарчашмаҳо ҳамчун “ҷанги шаҳрвандӣ” тавсиф шудааст, боиси нигоҳ доштани сохторҳои мусаллаҳи ИНОТ гардид, ки онҳо ба ҳалли низоъҳо бо роҳи хушунати мусаллаҳона такя мекарданд. Идомаи ҷанг барои мамлакат оқибатҳои фалокатовар дошт. Дар ин шароит ҷустуҷуи роҳҳои сиёсии ҳалли ихтилоф оғоз ёфт.
Ташаббускори музокироти сулҳ бо мухолифин, сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 2 марти соли 1993 дар яке аз суханрониҳои худ гуфта буд: “Мо барои муколама бо тамоми қувваҳое, ки барои аз вартаи бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ берун овардани кишвар ба хотири созандагӣ, на харобкорӣ манфиатдоранд, омодаем”.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ дар соли 1997 яке аз муҳимтарин ҳодисаҳои таърихи муосири Тоҷикистон ва оғози марҳилаи сифатан нави рушди миллат ва кишвар буд. Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳамчун ҷашне ба ин муносибат муқаррар гашт, на танҳо рӯзи ёдоварии он сана, балки рӯзи бузургдошти худи ваҳдати миллӣ ҳамчун як арзиши бунёдии ҷомеа мебошад. Он ҳам ҷашн ва ҳам андешаву ҳӯшдору ҳӯшёрист. Яъне, ваҳдати миллӣ на танҳо боиси қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, балки боиси наҷоти давлату миллати мо гардид.
Имруз, ки сулҳи тоҷикон як марҳилаи таърихии ташаккули худро паси сар намудааст, диққати аксари олимон, муҳаққиқон, марказҳои омӯзишию пажӯҳишии ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намудааст. Дар миқёси байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ аз модели сулҳофарии тоҷикон ба таври васеъ истифода мешавад. Чорабиниҳо, ҳамоишҳо, семинарҳои илмию назариявӣ дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи байналмилалӣ баргузор гардида, ҷанбаҳои гуногуни сулҳофарии тоҷикон ва роҳҳои истифода аз он мавриди омӯзишу баррасӣ қарор мегирад.
Қазияи Тоҷикистон ба мо имконияти нодири таҳлили таҷрибаи танзими низои дохилиро медиҳад, ки аҳамияти байналхалқӣ дорад. Зарурияти таҳлили низоъи тоҷикон дар замони ҳозира аз он сабаб муҳим аст, ки имрӯз чун пештарак имконияти бесубот гардондани шароит на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар тамоми минтақа, ба вижа дар Афғонистони ҳамсоя, ки чанд даҳсола боз манбаи паҳн гаштани силоҳ ва маводи мухаддир шудааст.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон як таҷрибаи арзишманди амалӣ буда, мавҷудияти “модели сулҳофарии тоҷикон” ҳамчун равише бо хусусиятҳои хосаи худ дар доираҳои гуногуни илмию сиёсӣ пазируфта шудааст. Ин таҷриба аз ҷумла, дар барномаи Донишгоҳи сулҳи СММ дар Коста-Рика ҳамчун курси сулҳофарӣ барои дипломатҳо ва дар Донишгоҳи давлатии Москва ҳамчун курси махсус барои магистрҳо таълим дода мешавад. Пажӯҳишгоҳи сулҳу амнияти САҲА дар шаҳри Ҳамбурги Олмон низ ин таҷрибаро дар доираи як барномаи чандсолаи илмӣ мавриди тадқиқ қарор додааст. Дабири кулли собиқи СММ Кофи Аннан таъкид намуда буд, ки “тоҷикон барои тамоми ҷаҳониён намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро эҳдо намуданд”. Яъне дар будани таҷрибаи нодир ва модели тоҷикӣ шубҳае нест.
Ҳамзамон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ курси махсус аз фанни “Аҳамияти байналмилалии сулҳи тоҷикон” барои донишҷуёни ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ омӯзонида мешавад.
Вобаста ба чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ бошад дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамоишҳою семниарҳои сатҳҳои гуногун баргузор гардидааст, аз ҷумла 15 январи соли 2014 дар ш. Гаага дар бинои Донишкадаи муносибатҳои байналхалқии “Клингендал” вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд Рустамҷон Солиев бо Шӯрои академии Донишкада дар мавзӯи “Аҳамияти байлналмилалии таҷрибаи сулҳи тоҷикон” барпо шуд, 28 январи соли 2014 дар шаҳри Брюссел бо мусоидати “EAST WEST Institute” ва “Hanns Seidel Foundation” мизи мудаввар дар мавзӯи “Хатарҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ва дурнамои ҳамкории минтақавӣ” баргузор гардид, 6 майи соли 2015 дар ш.Брюссел Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Сафир Рустамҷон Солиев дар вохӯрии чоруми намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба дипломатияи боздоранда ва миёнаравӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни баромади худ намояндаи Тоҷикистон таҷрибаи тоҷиконро ҳамчун яке аз намунаҳои беҳтарини дастрасӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар низоъҳои дохилӣ муаррифӣ намуд, Таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира.
Чунин чорабиниҳо бар миқёси байналмилалӣ бешумор мебошад. Аммо таҳқиқоти илмии олимону муҳаққиқон, чорабиниҳои сатҳҳо ва қолабҳои гуногун ба таври бояду шояд тамоми ҷанбаҳои сулҳи тоҷикон ва роҳҳои истифодаи таҷрибаи онро ҷиҳати ҳалли низоъҳои дохилимиллӣ ва дохилидавлатӣ дар сатҳи байналмилалӣ таҷассумкунанда нест. Бинобар ин, дар самти омӯзишу гиромидошти ин таҷриба дар арсаи байналмилалӣ ва хусусан, дар масъалаи арзиш ва ниҳодина кардани он бояд давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон баъзе корҳои ҷиддитаре анҷом диҳанд, то мо тавонем тавассути он Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ба ҷаҳониён ба таври мусбӣ муаррифии бештар намоем.
Ин таҷриба ҳануз аз назари илмӣ таҳқиқу таҳлилу ҷамъбасти лозима нагашта, ба илм, ба таҳлил, ба методология ва ба мактабу дониши қобили таълим ва интиқол табдил дода нашудааст. Корҳои фаровоне, ки дар ин самт анҷом шудаанд, асосан аз навиштани таъриху хронологияи раванди сулҳ, нашри ҳуҷҷату ёддоштҳо аз он ва тавсифҳои сиёсию идеологии он таъриху таҷриба иборат мебошанд.
Пас, ҳанӯз, ки бахше аз ширкатдорони раванди музокирот ва баъзе аз аъзои Комиссияи оштии миллӣ дар қайди ҳаётанд, зарур аст, ки бо ҷалби онҳо раванди комили сулҳи тоҷикон аз тарафи олимону муҳаққиқони босалоҳият таҳлил ва тадвин шавад. Яъне, илова бар навиштани рӯзу солу моҳу ҷой воқеаҳо, бояд бо истифода аз методҳои илмию байнисоҳавӣ таҳлилу арзёбии таърихӣ, равонӣ, фалсафӣ ва сиёсии ин таҷриба анҷом дода шавад. Зеро, барои дарку нашру бақои як таҷриба бисёр муҳим аст, ки он ҷамъбасти назариявӣ ёбад, ба илм ва ба низоми мафҳумию методӣ табдил шавад ва ба ин восита ба наслҳои дигар интиқол гардад.
Зарур аст, ки бо ҳадафи омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва устувор намудани ваҳдати миллӣ, дар шаҳри Душанбе бо сармоягузории ҷиддии давлатӣ дар сатҳи як институти бузурги миллӣ марказ ва ё пажӯҳишгоҳи сулҳи тоҷикон таъсис дода шавад. Ин ниҳод илова бар омӯхтан, ҷамъбасти илмию методологӣ ва ба назарияи илмӣ табдил додани таҷрибаи сулҳи тоҷикон, бояд ба омӯзиши васеи заминаву омилҳо ва раванду пайомадҳои ҷанги шаҳрвандӣ, вазъи имрӯз, хатару чолишҳо ва омилу роҳҳои таҳкими ваҳдати миллӣ, нашру таблиғу таълими таҷрибаи тоҷикон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ва ғайра машғул бошад. Шояд ҳоло баъзе марказу гӯшаҳои хурде бо чунин ному ҳадаф мавҷуданд, аммо ин ҷо сухан аз таъсиси як пажӯҳишгоҳи тому тавонманди давлатӣ меравад. Пажӯҳишгоҳи мазкурро метавон дар заминаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дод.
**Меъроҷиддини НАСРИДИН Вернуться назад |