Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ТАЗОДҲО ВА МАСЪУЛИЯТ
Главная > Хабар > ТАЗОДҲО ВА МАСЪУЛИЯТ

ТАЗОДҲО ВА МАСЪУЛИЯТ


24-07-2023, 14:41. Разместил: admin

     Таърихи инсоният гувоҳи он аст, ки сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ, дӯстиву рафоқат ва ҳусни тафоҳум асоси пешравии ҳамагуна давлату миллат аст. Баръакси ин ҷангу нооромӣ, ҷудоиандозиву парешонӣ, душманиву адоват ва нофаҳмиҳо боиси забун гардидани тамаддунҳо гардидаанд.

     Экстремизму терроризм яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони имрӯз буда, дар андоми инсоният чун маризи ҷонкоҳ аст. Воқеоти ҷаҳони имрӯз ошкор менамояд, ки ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ худро гӯё “ғамхори мардум” вонамуд карда, дар асл бо ақидаҳои беасосу дурӯғин аҳли ҷомеаро ба гумроҳӣ мебаранд. Аксари маврид ин гуфтори дурӯғин ва бебунёдии фикрашон ба зудӣ ошкор мешавад.

       Дар гӯшаву канори олам ягон давлат ё миллате ба чашм намерасад, ки дар асоси ҷангу хунрезӣ арзи ҳастӣ намуда, мардумаш дар сулҳу осоиштагӣ бошад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро бахусус ҷавононро зарур аст, ки ба суханҳо ва ваъдаҳои дурӯғини ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ фирефта нагардем. Барои ин тарбияи мукаммали наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ, меҳру шафқат ва дӯстиву рафоқат, меҳнатқаринӣ ва ваҳдату ягонагӣ ба камол расонидани онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

        Бинобар ин ҳар як фарди ҷомеа бояд худро дар талқин намудани насли навин ба роҳи дуруст, роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва роҳи сулҳу дӯстӣ масъул шуморад ва аз эмин доштани ҷавонон аз ин падидаи номатлуб ҳиссагузор бошад.


Вернуться назад