Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
Главная > Хабар > ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН


10-08-2023, 22:53. Разместил: admin

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон бо иштироки сохторҳои давлатӣ ва варзишгарону собиқадорони соҳа баргузор гардид. Нахуст муовини раиси ноҳия Ҳақназарзода Балхиё аҳли нишастро бахшида ба Рӯзи варзишгарон табрик гуфта, иброз доштанд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш рушд ёфта, мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафт. Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор собиқадорони соҳа ва мутахассисони соҳа Сипосномаҳои раиси ноҳия ва тӯҳфаҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Балҷувон дар фазои тантанавӣ супорида шуд.


Вернуться назад