Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ТЕРРОРИЗМ-ОМИЛИ ХАТАРАФЗОИ ЗАМОНИ МУОСИР
Главная > Хабар > ТЕРРОРИЗМ-ОМИЛИ ХАТАРАФЗОИ ЗАМОНИ МУОСИР

ТЕРРОРИЗМ-ОМИЛИ ХАТАРАФЗОИ ЗАМОНИ МУОСИР


16-08-2023, 22:39. Разместил: admin

Яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин зуҳури терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад, ки он дар шароити ҷомеаи муосир як қатор кишварҳои оламро фаро гирифтааст ва дар натиҷаи он шаҳру деҳоти зиёд, ки ободу шукуфон буданд, ба харобазору вайрона табдил ёфтаанд. Аҳолии зиёд хонавайрон гардида, дар оворагиву саргардонӣ умр ба сар мебаранд. Ҳазорон тифлакони бегуноҳ дар гирдоби амалҳои террористиву ифротгароӣ фавтида истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки терроризм ба таври равшантар худро ҳамчун шакли хавфноки рафтори шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ зоҳир сохт, ки тартиботи ҷамъиятиро халалдор мекунад, вазъияти тақобули шиддатнокро барпо намуда, рафти ҳаёти ҷомеаро халалдору пуртазод мегардонад. Дар робита бо ин, ҳолати мазкур аз ҷомеаи тоҷик қабули чораҳои амалиро оид ба муқобала ва қаблан огоҳонидани фаъолияти террористӣ исроркорона тақозо менамояд. Ин ҳама парастиши зӯровариро устувор намуда, ба пурзӯр шудани ҳисси нобоварии шаҳрвандон барои амнияти худ мусоидат мекунад.

Терроризми муосир ин системаи истифодаи зӯроварӣ барои ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ тавассути маҷбурсозии мақомотҳои давлатӣ, байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ё гурӯҳҳои алоҳида ба содир кардани амалҳо ба фоидаи террористон мебошад. Мафҳумҳои «террор» ва «терроризм» ба таркиби луғавии сиёсӣ тақрибан 200 сол пештар ворид гаштаанд, вале чунин зуҳурот дар давраҳои қадим низ арзи вуҷуд доштанд. Зӯроварӣ ҳамаи таърихи инсониятро ҳамроҳӣ мекард, аз он ҷумла дар шаклҳое, ки имрӯз чун терроризм тавсиф карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Одатан ҷавононе, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Сабабу омилҳои гароишии бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва террористӣ паст будани сатҳи огоҳии ҷавонон аз мазмун ва моҳияти дини мубини Ислом, коҳиши асосҳои ахлоқӣ аст. Зеро имрӯз терроризм бо ниятҳои нопоки худ ва бо хусусиятҳои нави худ бо истифода аз дину мазҳабҳо таҳдид дорад.

Дар сурате ки имрӯз вазъи сиёсати кабир мураккаб гардидаасту аз як тараф, бархӯрди манфиатҳои геопалитикӣ қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ ва аз ҷониби дигар, неруҳои террористӣ амал менамоянду кишварҳои рӯ ба инкишофи оламро ба харобазор табдил медиҳанд, пас мебояд ҳушёрии сиёсиро истифода бурду худро аз ин туфони аср эмин нигоҳ дошт, зеро давлату миллате, ки дар ин раванди мураккаби сиёсӣ ҳушёрии сиёсиро аз даст медиҳад, худро қурбони манфиатҳои дигарон месозад, дар ин раванд оромию амниятро дар давлат ва ҷомеа нигоҳ доштан нишонаи хирадмандӣ мебошад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронӣ аз он дорад, ки ин падидаи номатлуби муосир доман афрохта, ҷавонони моро низ ба коми худ мекашад. Чунки мақсаду мароми худро онҳо бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм, содир намудани ҷинояти дорои хислати террористидошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ ва дигар амалҳое, ки боиси ҳалокати одамон мегардад, амалӣ месозанд. Дар маҷмӯъ, мақсади асосии террористон бо зӯрӣ ғасб намудани давлат ва аз нигоҳи талаботи шариат ҳукмронӣ намудан аст.

Ҳамин тавр, моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ин зуҳуроти номатлубро аз маҳкум намуда, ба ҷаҳониён миллату давлати худро ҳамчун як миллати сулҳпарвар, ободкор, меҳнатдӯст ва ҳамчун як миллати дорои абармардони бузург муаррифӣ намоем. Чунки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст. Дар мустаҳкам кардани сарҳади ҷанубии Тоҷикистон кишварҳои ИДМ бояд саҳм гузоранд. Зеро агар пеши роҳи ин сели оташ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон гирифта нашавад, ифротгароию терроризм, ихтилофҳои мазҳабӣ, бесуботию ноамнӣ на танҳо дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ, балки минтақаҳои васеътар аз онро то ҳудудҳои Чину Русия ва Аврупо фаро мегирад. Ин аст, ки имрӯз марзи давлатии Тоҷикистон марзи устуворӣ, марзи осудагӣ ва суботу амнияти ниме аз ҷаҳон мебошад.

Чунончи фоҷеаҳои охире, ки дар моҳи сентябри соли 2015 ва июли соли 2018 дар ҷумҳуриамон ба вуқӯъ пайваст аҳли ҷамоатчигии ҷумҳуриро ба ташвиш овард, аз ҷумла миллати тоҷик бори дигар бовар бар он кард, ки дар паси пардаҳои сиёсӣ ҳастанд гурӯҳҳои ҳасудхӯре, ки тараққиёт ва пешравии баъзе давлату миллатро нахоста, мехоҳанд бо дасти фарзандони бесавод ва камандешаи ҳамон давлату миллат бар иқтисодиёт ва пешрафти он давлат халал ворид карда, бар он миллат доғ оранд ва баъд аз он боз он давлату миллатро ба давлат ё миллати беҳунару бесавод ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.


Вернуться назад