Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > (Қисми 1) ЭҲЁИ МИЛЛАТ – БАҚОИ ДАВЛАТ
Главная > Хабар > (Қисми 1) ЭҲЁИ МИЛЛАТ – БАҚОИ ДАВЛАТ

(Қисми 1) ЭҲЁИ МИЛЛАТ – БАҚОИ ДАВЛАТ


25-08-2023, 15:41. Разместил: admin
Муқаддима
Зуҳури инсон дар табиат падидаи фавқулода ва истисноист. Зеро он ягона мавҷудоти соҳибшуур мебошад, ки чунин афзалиятро тавассути забон ва амали мувофиқ ба муҳтавои майнаи хеш, мақсаднок, бо дарназардошти оқибати кирдори содиркардааш ва дарки фаҳми натиҷаи он ба намоиш мегузорад.
Таъйиноти мантиқӣ ва моҳиятии фарди бохирад, таҳаввул ва такомули муҳиту ашё ба манфиати таъмини амният, офият, рушд ва пешрафти ҷомеа аст. Чунин талабот дар раҳи рост ва ба тарзи одӣ ба вуҷуд наомадааст. Он натиҷаи мураккабтарин ҷараёнҳои диалектикиест, ки ҳамчун маҳсули ҳазорсолаҳо дар шакли имрӯза муаррифӣ мегарданд.
Таърихи инсоният, дар маҷмуъ, таърихи сулҳ нест. Таърихи ҷангу мубориза ва низоъҳо аст, ки ҳамчун шакли сиёсат ҳамсафари ҳаёти одамон мебошад.
Сабаби аслии чунин вазъи тезутунди, мутаассифона, устувор ва поянда дар давоми асрҳо он аст, ки мардуми олам бо ҳам, асосан, ба як забон гап мезананд. Онро забони манфиат мегӯянд.
Маҳз аз рӯйи ҳамин «забон», одамон ба гурӯҳҳо, ҳизбҳо, синфҳо, ҳукуматҳо, давлатҳо, ахиран созмонҳо, блокҳо ва гурӯҳи давлатҳо ҷудо мешаванд.
Мавзуи рисолаи моро кӯшиши таҳлил ва арзёбии нақши давлат (1) дар доираи таҳаввулоти таърихӣ ва муосир дар масъалаи ҷаҳонбинӣ (2) бо назардошти категорияи манфиат (3) дар бар мегирад.
Давлат ва масъалаҳои ҷаҳонбинӣ
Ба таъсиси давлат вақте зарурат пайдо мешавад, ки ниёзҳои ҷомеа барои низоми муайяни идоракунӣ ба хотири таъмини амният, рушди пойдори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба тарзи муташаккил ва моҳиятан аломатҳои устувори қонунмандӣ мегиранд. Вазифаи асосии давлат таъмин намудани зиндагии осоиштаи ҷомеа дар асоси дифферентсиатсия, тақсимоти салоҳият, таъини меъёрҳои ҳуқуқ ва вазифаҳо мебошад.
Истилоҳоти давлат ва истиқлол ҳамчун зуҳуроти сиёсӣ тавъам ва аз ҳам ҷудонопазир мебошанд.
Худи «давлат» мафҳуми воқеӣ, объективӣ ва илмӣ аст. Дар фазо ва вақт ба сифати организми зинда ҳузур мекунад. Хосияти яклухтӣ, мухторӣ ва озодманишӣ дорад. Аммо чунин тарзи мавҷудият, ҳамзамон, аз чанд омили ҳаётан муҳим вобаста аст. Бо инкор кардан, зери шубҳа гузоштан, рахна ворид намудан ба яке аз онҳо система, сохтор ва функсияҳои давлат, дар умум, фалаҷ мегарданд. Ва оқибат худи он чун организми мураккаби ҷомеа рӯ ба шикаст меорад.
Яке аз ин ҷанбаҳо муҳтаво ва сохтори ҷаҳонбинии мардуми кишвар мебошад. Он ҷабҳаи мураккаб, нозук ва осебпазири давлатдорӣ аст.
Дар доираи муҳтавои шуур, ҷаҳонбинии сиёсӣ шакли фаҳмидан, дарк кардан, аз лиҳози маънавӣ ворид гаштан ба арзишҳои муассисаи сиёсии ҳукмрони ҷомеа, ба тарзи амалӣ, руҳӣ аз худ кардани моҳияти идораи давлат аст.
Ҷаҳонбинии сиёсӣ воситаи дарки ҳақиқати ҳаётии давлатдорӣ, ташаккули муносибати шаҳрванд ба сохти сиёсӣ тавассути арзишҳои бунёдии он, муҳимтарин воситаи ба танзим даровардани муҳтавои алоқамандии давлат ва ҷомеа дар доираи ҳуқуқ ва вазифаҳои якдигар мебошад.
Мувофиқати муҳтавои ҷаҳонбинии омма ба сохти давлатдорӣ ҳамчун замонати бардавомӣ, устувории сиёсӣ ва итминони аҳолии мамлакат, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон нисбат ба пешгӯӣ ва ояндасозии маҷмуи муносибатҳо дар қаламрави давлат ба ҳисоб гирифта мешавад.
Сохти идораи давлати миллӣ, ки маҳз ба хотири он кишвар номниҳод гаштааст, натиҷаи изҳори озоди иродаи халқ эътироф шудааст, бо кулли имконот ҳуқуқ ва уҳдадории интихоб, коркард, пуштибонӣ ва пешбурди ҷаҳонбинии мувофиқ ба низоми конститутсиониро дорад. Хунукназарӣ, духӯрагӣ, саҳлнигарӣ дар мавриди муайянкунандагӣ, ҳимоя ва амалкарди ҷаҳонбинии сиёсӣ, маънои ба буҳрон ворид кардани давлат ва зери суол бурдани онро дар назар дорад. Таҷрибаи байналхалқӣ ҳам ҳамин хулосаро исбот мекунад.
Дарки воқеии манфиат
Ҷаҳонбинии миллӣ дар давлати миллӣ ягона мафҳуми заминӣ, воқеӣ, материалӣ ва арзишманд аст. Муҳтавои онро миллат, давлатдории миллӣ ва сиёсати амалӣ дар доираи меъёрҳои конститутсионӣ муайян мекунанд. Дар маркази баҳси маънавиёти миллӣ ҳам манфиат меистад.
Ҳангоми муҳокимаронӣ дар масъалаи баҳси манфиатҳо он нукта муҳим аст, ки кадом гурӯҳ чӣ гуна арзишҳоро ҳимоя мекунад. Ва ин арзишҳо манфиати кадом табақа, гурӯҳҳои иҷтимоиро дар назар доранд ва ташвиқу тарғиб менамоянд. Агар давлат бо номи миллат арзи вуҷуд дошта бошад, дар маҷмуъ, муҳтаво ва мундариҷаи ҷаҳонбинии мардум чанд ҳиссаи манфиатҳои миллӣ (хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, эҳсоси садоқат ба Ватани аҷдодӣ ва ҳимоят аз он, тамаддун ва фарҳанги миллӣ, анъана, урфу одат ва расму русуми миллӣ)-ро ифода мекунад?
Ин мафҳуми калидиро гурӯҳҳо, табақаҳои сиёсӣ, алалхусус, пешоҳангони хурофоту таассуб чӣ тавр асоснок мекунанд?
Ба хотири воқеъбинӣ, истиснои раҳгумиву ғафлатзадагӣ ва ояндабинӣ бояд донист, ки таносуби ҷаҳонбинии миллӣ ва дар муқобили он дидгоҳи таассубу хурофот ва эҳсоси бегонапарастӣ дар ҷомеаи имрӯза чӣ гуна аст?
Ва агар дониста бошем, номутаносибии ҷаҳонбиниро бар зарари меъёрҳои конститутсионӣ сабаб чист? Ва чӣ бояд кард?
Мутаассифона, таҷрибаи таърихии мардуми олам нишон медиҳад, ки инсонҳо на танҳо аз лиҳози антропологӣ ва генетикиву физиологӣ, балки аз ҷиҳати руҳию равонӣ, дараҷа, сифат ва умқи фикрронӣ, дар муносибат бо имкони дарки воқеияти ҳастӣ аз ҳам фарқ мекунанд.
Аммо донишандӯзӣ, маърифатнокӣ, кӯшиши донистани ҳақиқати олам, баҳрагирии муқоисавӣ аз таҷрибаи рӯзгор, омилҳои тарбиявӣ метавонад тасаввуроти табақаҳои гуногуни ҷомеаро ба шинохти баробарвазни раванд ва оқибати вазъ наздик кунад.
Маълум аст, ки решаи калимаи манфиат «нафъ» (фоида) аст. Дар адабиёти сиёсӣ ин мафҳум тавассути сухани лотинии «interest» ифода мегардад. Тарҷумаи таҳтуллафзии он «муҳим», «зарур» буданро мефаҳмонад. «Интерес» ифодакунандаи истилоҳи «иқтисодӣ», «арзишӣ» аст. Чизе, ки маънии ҳамсанги молӣ, моддӣ дорад, дар назар дошта мешавад.
Таҳлили тамоми рӯйдодҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки аз одӣ то мураккаб – кӯшишҳои афрод, гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, ҳизбҳо, синфҳо, давлатҳо қатъиян дар доираи м а н ф и а т амалӣ карда мешаванд. Дар маркази дарки ҳамин гуна манфиатҳо, сарфи назар аз шакли тафсир ва муаррифии онҳо, тавре хотирнишон шуд, арзишҳои моддӣ, материалӣ, иқтисодӣ, яъне фоида меистанд. Дар ин маврид, фарзияи дигар вуҷуд надорад. Дошта ҳам наметавонад. Масалан, агар бар ивази дуои мулло, дуои хубтар аз он ба ӯ дода шавад, шубҳаовар аст, ки шахси руҳонӣ аз ин амал қаноатманд гардад.
Ҳамин тариқ, дар доираи муносиботи сиёсӣ «манфиат» гуфта, маҷмуи воқеияти реалӣ - ашёи моддӣ, арзишманд, назария, таҷрибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва фарҳангиро меноманд, ки ахиран, ба субот, рушди иқтисодӣ ва имконоти мудофиавии кишвар дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд.
Аз ин лиҳоз, эътиқод, тасаввур, хаёлот, орзуву ормони ғайриилмӣ, таассуб, хурофот, фанатизм, дилбастагӣ ба мавҳумот ва абстраксия наметавонанд ҷойгоҳи манфиатро иваз кунанд.
Дар доираи фаҳми категорияи м а н ф и а т ҳар қадар дур рафтан, фосила гирифтан аз арзишҳои иқтисодӣ, модӣ, молӣ, материалӣ, заминӣ, ҳамон қадар маънои наздик шудан ба камхирадӣ, таассуб, раҳгумзадагӣ, дурӯғ ва фиребро дорад.
Бо чунин каромоти ҷаҳонбинии кӯркӯрона, ки гӯё метавонад ҷомеа ё ҳадди ақал як фардро хушбахт кунад, аз эътиқодмандони одӣ, сода, қаторӣ, гумроҳ сар карда то террористони худкуш, ба завқи чашидани «шаҳди шаҳодат» бовар мекунанд.
Шахси соҳибмаърифат ва боандеша ин ақидаҳоро ботил мешуморад.
Аммо «ба нохун роҳ дар хоро буридан, фурӯ рафтан ба оташдон нагунсор басе осонтар» аз бозсозӣ ва дигаргун сохтани шуури онҳоест, ки гирифтори ҳамин тарзи ҷаҳонбинии устуравӣ (мифологӣ) ва бедалел ҳастанд.
Ана, ҳамин аст дастоварди бузурги воқеӣ ва таърихии ононе, ки мехостанд ва мехоҳанд мардуми мусулмонро як умр ғулом, дастнигар, мутеъ, ҷоҳил, вобаста ва олоти муборизаи худӣ дар муқобили худиҳо, завқманди рехтани хуни якдигар бинанд. Аз дур мусулмононро наззора ва идора кунанд. Боз бо истифодаи маводи зинда бо номи одам дар масири идораи олам барномаҳои дигар омода созанд. Манфиатҳои навбатӣ ва беохири худро думбол кунанд.
Муваффақияти дуюм ва дастоварди ниҳоят хатарноки душманони мо иборат аз он аст, ки таассуб, хурофот, фанатизми динӣ – мазҳабӣ, эҳсоси Тоҷик будан, Тоҷикият, эҳтиром, муҳаббат ва садоқатро ба мафҳуми Миллат, Ватан ва Ватандорӣ нобуд месозад. Ба сифр мубаддал мегардонад. Ҳамчун лашкари бепул дасти ифротгароён, террористонро аз ҳисоби фарзандони ҳамин миллат, дар муқобили ҳарими муқаддаси бунёди давлатсозӣ, давлатдории миллӣ, марзу бум ва суботи он боз мекунад.
Аз ин намунаҳо дар мисолҳои таърихӣ ва давраи муосири воқеии Тоҷикистон ва кишвари ҳамсояи он ҳазоронанд.
Аз ин лиҳоз, дарки м а н ф и а т, аз ҷумла, манофеи миллӣ муҳимтарин вазифаи маорифи саросарии кишвар, воситаи моил намудани омма ба арзишҳои тамаддунӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ба ин восита пешгирӣ кардани бархӯрди омма бо хатари эҳтимолии фоҷиаи умумимиллӣ мебошад.
Фосила гирифтан аз арзишҳои миллӣ, саҷда овардан ба хурофот ва фарҳанги бегона ҳамчун натиҷа раванди босуръати рӯз то рӯз ифротишавии ҷомеа, ҷилвагар шудани номи намояндагони миллат дар ҳар кунҷу канори дунё дар алоқамандӣ бо кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ обрӯ ва манзалати миллатро дар назди оламиён шадидан коста мегардонад. Самтгирии наврасону ҷавононро ҷониби ҷодаи шикасти манзалат ва маънавиёти миллӣ меафзояд. Пояҳои давлати миллиро ноустувор месозад. Ояндаи давлатдории миллӣ ва сулҳу суботи кишварро зери суол мебарад.
Эътимоднокии субот
Барои ояндабинии системаҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар давлатҳои ба мо маълум, сохтор, меъёр ва мафҳумҳое истифода мешаванд, ки сифатҳои устувории сохти конститутсиониро дар л а ҳ з а ҳ о и б у ҳ р о н ӣ назорат мекунанд, ба инобат мегиранд ва ба он кафолат медиҳанд.
Аз сӯйи дигар давлати мо дар оилаи бузурги халқҳо зиндагӣ мекунад. Ва ҳаёти он аз системаи ягонаи амнияти байналхалқӣ низ вобастагӣ дорад. Аммо афсӯс, ки «ин аҷуза арӯси ҳазор домод аст» (Ҳофиз).
Ҳамчунон, «таҷриба ва таърих меомӯзад, ки халқҳо ва ҳукуматҳо ягон вақт, ягон чизро аз таърих наомӯхтаанд ва тибқи намунаҳое, ки бояд аз он сабақ мегирифтанд, амал накардаанд». (Гегель за 90 минут. – М.: Изд. «Астрель». 2003. – С. 60).
Идомаи ҳолати устувори фоҷиабарангезии тақдири умумибашариро сабаб ҳамин аст.
Дар ҳама давру замон масъулияти таъмини системаи амният ва суботи ҷомеа бар дӯши давлат аст. Онро ҳамчун организми ягонаи зиндаи миллат дар фазо ва вақт донистан мумкин аст. Гузашта аз ин, дар маҷмуи ягонаи созмонҳои байналхалқии минтақавӣ ва универсалӣ субъекти дигаре, ки кафолати оромӣ ва осудагии як давлати дигарро диҳад, вуҷуд надорад.
Маҳз ба ҳамин хотир, барои таъмини эътимодбахши суботи ҷомеа механизмҳои мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, идеологии дохилидавлатие бояд амал кунанд, ки замонати худро дар лаҳзаҳои фавқулодаи дохилӣ ва берунӣ барои таъмини амнияти давлат устуворона нишон диҳанд.
Намунаи таърихии Эҳёи миллӣ
Чун тамоми рӯйдодҳои олам маҳсули амали мақсадноки Инсонанд, бознигарӣ ва беҳбуд бахшидани ҳаёти Одам, муттасил комил гардонидани дониш, хирад ва фаросати ӯ муҳимтарин вазифаи мардуми солимфикр мебошад.
Барои хосияти устувор бахшидан ба идораи давлат ва сохти давлатдорӣ, миллатҳои пешқадам ва ҳушманди олам аз худ намунаи рафторҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ нишон додаанд. Ин таҷриба лоиқи пажӯҳиш, омӯзиш, арзёбӣ ва пайравӣ аст.
Яке аз чунин гардишҳои бузурги Дунёи Куҳан, Даврони Эҳё мебошад.
Аврупо бо ин бузургӣ Даврони Эҳёи худро ҳафтсад сол (!) қабл, дар нимаи дуюми асри ХIV оғоз кард.
Мақсади аслии ин таҳаввулот ба замон, талабот, ниёзҳои рӯзафзуни иқтисодӣ ва иҷтимоии инсон мувофиқ кунонидани ҷаҳонбинӣ - ҳолати руҳӣ, равонӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва маънавии ҷомеа тавассути инқилоб дар соҳаи маориф, илму техника, фарҳанг ва маданият ба ҳисоб мерафт.
Эҳёи миллии Аврупоро сабаб он буд, ки аз замони салтанати Масеҳият – дини насронӣ, наздик ба якуним ҳазор сол мегузашт. Талаботи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум хостори таҳаввулот ва пешравӣ буданд. Ин ниёзмандиҳо ба манфиати руҳониён, калисо созгор намеомад. Дар шароити Ақлсолорӣ, Хирадгароӣ, Тақдирнописандӣ, пешрафти илму техника, Хештаншиносӣ ва Худшиносии миллии мардум, ки ба ҷаҳонбинӣ ва тарзи тафсири ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккури руҳоният комилан мувофиқат намекард, ин тоифа обрӯ, нуфуз, оқибат ҳукумат - манфиати худро аз даст медод.
Тарзе хотирнишон гардид, низоми динӣ, ки якуним ҳазор сол қабл тавлид ва тавассути ҷангҳои салибӣ устувор шуда буд, бо гузашти асрҳо, бо таҳаввулот ва талаботи зиндагии нав дар тазод ва низои воқеӣ ворид гашт. Натиҷаи ин гуна нофаҳмиҳо байни руҳонияти мусаллаҳ бо ҷаҳонбинии ба муддати садсолаҳо ақибмонда ва зиёиён, мардуми тараққихоҳ, воқеънигар ва навовар бо қатлу куштор ва террори охириҳо анҷом меёфт.
Аз лиҳози дигар, синфи соҳибтафаккур ва барои тақдири таърихии миллати хеш эҳсоси масъулиятдоштаи Аврупо ҳолати рукуд, тангу тори хурофотии асримиёнагиро барои инсонҳо як навъ зиндони яхбастаи иртиҷоии бадбахтиҳои мардумӣ, замони тантанаи ҷаҳолат, нодонӣ ва навъи ваҳшоният номида, ин асрҳоро сифр, танаффуси хафақоновар дар тӯли ҳаёти бебозгашти инсонҳо, инкори зиндагӣ ва ситамгарӣ ном бурданд. Хостанд ба ақибмондагӣ ва ҳолати ба бунбаст гирифторшудаи афкор ва аъмоли ҷомеа д о д г у с т а р и и х и р а д м а н д о н а намоянд. Ба он хотима бахшанд. Фаҳмиш, дарк, назария ва амалияеро, ки бо истилоҳи ба ном «ҳаёти асримиёнагӣ» машҳур буд, ба шикасту нобудӣ расонанд. Ҳамин тариқ, нақши таърихии хеш - пешсаф ва равшангари тақдири мардумӣ буданро исбот намоянд.
Тавре маълум аст, равияи Эҳё зиёда аз ду асрро дар бар гирифт. Дар ин давра дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа инқилоби маънавӣ ба вуқӯъ пайваст: ба ҷараёнҳои тафаккури ифротии динӣ, ваҳшатгароӣ, хурофотпарастӣ хотима дода шуд (1); раванди авҷ гирифтани гароиши оммаи мардум ба зулмоти асримиёнагӣ – илмситезии хушунатомез қатъ гардид (2); дар илмҳои табиатшиносӣ ва технология, фалсафа, педагогика ва маориф, санъати меъморӣ, архитектура, театр ва мусиқӣ дигаргуниҳои бунёдӣ роҳандозӣ шуданд(3).
Таърихнигорони Ғарб ин таҳаввулотро н у қ т а г у з о р ӣ ба ҳаёти а с р и м и ё н а г ӣ ва оғози давраи нави ҳаёти Дунёи Куҳан ном мебаранд.
Истифодаи истилоҳи «Эҳё», албатта, ба моҳияти кулли ҳодисаҳое, ки ҷомеаи Аврупоро фаро мегирифтанд, мувофиқати пурра надошт. Аммо мақсад аз чунин ном гирифтани ҳаракат, кӯшиши пайдо кардани нуқтаи такягоҳи таърихӣ – маънавӣ ба ҳисоб мерафт. Зарур буд, ки як заминаи устувори бунёдӣ интихоб ва эълон гардад, то барои хоссу ом ангезаҳои ҷунбиши навсозии зиддихурофотӣ асоснок ва фаҳмо бошад.
Баъдан таърих исбот кард, ки чунин тарзи интихоби шаклгирии ҳаракат барои эҳёи миллӣ беҳтарин воситаи сулҳомези мубориза барои расидан ба мақсади ниҳоӣ, рушду тараққии мамлакатҳои Аврупо буд. Ба тарзи дигар, даврони Эҳё замони шикасти зиндагии, тарзе ки худи ташаббускорони ин маъракаи бузурги азнавсозии олам ном мебурданд, «ваҳшонияти асримиёнагӣ» ва оғози даврони ҳаёти нав маҳсуб гардид.
Аз нигоҳи илмӣ, даврони Эҳё зарурати таърихии нобуд сохтани қолаби куҳна, озод кардани майнаи аз таъсири хурофот шахшудамонда ва ба хатари барои ҷомеа марговар мубаддалгаштаи таассуб, маърифатситезии «аксарият» дар қиболи «ақаллият»-и озодандеш буд.
Чун олимони Даврони Эҳё аз мардуми ҳушманди замони худ буданд ва масъулияти ба дӯши онҳо гузошташударо хуб эҳсос мекарданд, инқилоби хешро аз ҷодаи илм, маориф, адабиёту санъат, аз «тарҳи нав дарандохтан» дар ҷаҳонбинии мардум оғоз карданд.
Зиёиёни эҳёгари воқеан р ӯ и н т а н ва с о з а н д а муътақид буданд, ки маҷмуи ҷаҳонбиниҳои пешрафтаи башарӣ доир ба олам, одам, табиат ва умуман ҳастӣ қудрати ифодаи ҷанбаҳои моҳиятии тарзи зисти инсонро доранд. Гузашта аз ин, ин донишҳо воситаи тағйири сифатии воқеияти зиндагӣ мебошанд.
Ташаббускорони Даврони Эҳё ҳамчунон хуб дарк мекарданд, барои ҷомеае, ки пешрафти иқтисодиёт ва дараҷаи тараққии ҳаёти иҷтимоии он ниёз ба таҳаввулоти инқилобӣ дорад, сохтор, муҳтаво ва сифати ҷаҳонбинии омма нисбат ба механизм ва мантиқи рушди иҷтимоӣ, мебояд дар таносуби пурра бошад.
Ҳамзамон бо ин, эҳёгарон ба хулоса омаданд, ки бидуни сохтани давлати миллӣ, ки манфиатҳои заминии миллат ва давлатро таъмин карда тавонад, ташкили зиндагии шарафмандонаи ҷомеа ғайриимкон аст.
Худи истилоҳи «миллат» ва «давлати миллӣ» аз лиҳози мантиқ мафҳумҳои илмӣ, дунявӣ, воқеӣ, тараққиниҳод ва заминӣ ҳастанд. Мустақилияти сиёсӣ, рушд ва пешрафтро дар доираи манфиатҳои миллат дар назар доранд.
Яъне мафҳумҳои рушд ва зиндагии шоиста бо моҳияти давлати миллӣ тавъаманд. Дар он ҷаҳонбинии сиёсӣ, бадеӣ, фарҳангӣ ва динӣ ба манфиати миллат хизмат мекунад. Дар роҳи инкишофи устувори миллӣ якдигарро пурра мегардонад. Кумак менамояд.
Саромадони Даврони Эҳё таъкид мекарданд, ки тараққиёт ва суботи ҷомеа наметавонад бидуни ҷаҳонбинӣ, маънавиёти сиёсии илман асоснокгардида ва дар таҷриба санҷидашуда, пешрав, пешсаф ва баранда бошад.
Онҳо масъалагузорӣ мекарданд, ки давлати миллӣ ба маҷмуи ҷаҳонбиниҳои илман асосноккардашуда, ки талаботи тамоюли воқеии иҷтимоиро қонеъ карда тавонад, зарурати шадид дорад. Ва муҳимтар аз ҳама, ин ҷаҳонбинӣ дар муқобили тамоми равияҳои мафкуравии иртиҷоӣ ва хурофотие, ки пеши роҳи мақсадҳои бунёдии давлати бо ном ва ба хотири миллат асосёфтаро мегиранд, истодагарӣ намояд.
Албатта, масъалаи марказии Даврони Эҳёи миллӣ масъалаи мафкураи динӣ буд. Зеро дин қисми таркибии ҷаҳонбинии халқу миллатҳо маҳсуб мегардид. Аммо Эҳёгарон дарк намуданд, ки танҳо аз дастҳо сӯи осмон ва саҷда кардан ба Папаи Рим масъалаи истиқлоли миллат ва рушду тараққии давлат ҳаллу фасл намешавад. Барои ҳамин, дар Даврони Эҳё истилоҳи гуманизм (аз калимаи лотинӣ - одамӣ, инсонӣ) ҳамчун мафҳуми ифодакунандаи манфиати ягона мавҷуди бошуур, соҳиби ақлу заковат ва илму маърифати олам – одам истифода мешуд.
Маҳз дар ҳамин давра, з и ё и ё н и бозпаснигари ояндабин дар бораи фош кардани муқаддасоту саҷдагоҳҳои бидуни эътимоди маънавӣ ва таърихӣ, ки хурофотпарастон барои нигаҳдории обрӯи сохта, манзалат ва таъсири худ асрҳо боз фикр карда бароварда, аз «ҳисоб»-и онҳо рӯзгузаронии худро таъмин мекарданд, бо истифода аз абзори нарм - тавассути имконоти а д а б и ё т у с а н ъ а т ва фарҳанг ифшо намуда, ба ивази он с а н ъ а т и в о қ е и и м и л л ӣ, маҳсули Ақл ва дидгоҳи одамиро ба намоиш гузоштанд. Бепоягии урфу одат ва анъанаҳои бофтабаровардаи хурофотпарастонро мавриди ошкорбаёнии мубоҳисавӣ қарор дода, зарурати сарфи назар кардан аз онҳоро ба оммаи мардум фаҳмониданд.
Баъдан, бо гузашти солҳо, олимони машҳури асрҳои XVIII – XIX - и Аврупо хизматҳои ҳаётбахш ва таърихии зиёиён, баёнгарони азамати руҳ ва халлоқияти тавонои Даврони Эҳёро бо сипоси зиёд ёдовар шуда, гаштаву баргашта таъкид намуданд: «Дар назди Ғарби ба шигифтафтода, ҷаҳони нав кушода шуд – Юнони Қадим. Дар пеши образҳои шуълапоши он арвоҳҳои асримиёнагӣ аз байн рафтанд. Гӯё ки аз нав сайёраи Замин кашф шуда бошад, ба ҳукумати руҳонии калисо шикаст ворид гардид..., ин бузургтарин инқилоби тараққихоҳӣ дар тӯли ҳаёти инсонӣ, дар кулли давраҳои азсаргузаронидаи одамӣ буд, ки ниёз ба мутафаккирони бузург дошт ва шароит фароҳам оварда шуд чунин нобиғаҳои илму маърифат тавлид шаванд, ки аз лиҳози қудрат кӯҳсутуне бошанд бо хислатҳои бузурги донишҳои ҳамагонии ҷаҳоншиносӣ ва хиради фарогир» (Диалектикаи табиат. – М.: 1950. – С. 3-4).
Даврони Эҳё ба мафҳумҳои воқеӣ ва сиёсии Забон, Миллат, Ватан ва ватандорӣ асос гузошт. Руҳи мардум ба манфиатҳои заминӣ, марзу бум, рушду тараққии сарзамини аҷдодӣ мутаваҷҷеҳ гардид. Юғи бегонапарастӣ, саҷда овардан ба муқаддасоти ғайримиллӣ, космополитикӣ аз гардани мардуми авом бардошта шуд. Акнун ҳар намояндаи миллатҳои аврупоӣ аз кишвари худ, аз миллати худ, аз қаҳрамонҳои миллии худ ифтихор мекард. Маҳз онҳоро тараннум менамуд. Барои наслҳо ҳамчун намунаи рафтор ташвиқу тарғиб мекард.
Беҳтарин натиҷаи Даврони Эҳё эҳсос ва тамоюли бузурги омма ҳамчун миллатҳои зери таъсири сиёсат, адабиёт, фарҳанг ва маданияти миллӣ ташаккулёфта, ба таъсиси давлат ва ҳукуматҳои пурқувват барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ буд.
Маҳз ин ҳиссиёт дар баробари олимон ва ихтироъкорони бузург, ки барои иқтидори иқтисодӣ ва мудофиавии давлатҳои миллӣ кор мекарданд, наслҳои нави давлатмардон ва сиёсатмадоронро рӯйи саҳна овард. Онҳо бо тамоми неру ва бо такя ба илм барои эҳёи ватани воқеӣ, на ормонӣ ва космополитикӣ, бо ҳисси Хештаншиносӣ ва Худшиносии миллӣ шурӯъ карданд...............
С. Ятимов, профессор
Рӯзномаи «Ҷумҳурият», №171(24 782), аз 24.08.2023

Вернуться назад