Главная > Хабар > Шиносоии духтарони Балҷувон аз фаъолияти занҳои роҳбар дар маркази вилояти Хатлон

Шиносоии духтарони Балҷувон аз фаъолияти занҳои роҳбар дар маркази вилояти Хатлон


31-05-2017, 05:34. Разместил: admin

Хотирнишон сохтан ба маврид аст, ки бо дастгирии молиявии Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказї-Тољикистон Лоињаи «Омода кардани духтарони Балљувон дар идоракунии давлатї» аз тарафи Иттињодияи љамъиятии «Маърифати шањрвандї» шурўъ аз моњи октябри соли 2016 амалї гардида, дар доираи он курси омўзишии «Духтарон – роњбарони ояндасоз» ташкил карда шуд ва ба он 25 нафар духтарони касбу кори гуногун љалб гардиданд. Њамзамон тавре дар хабарњои ќаблан нашршуда маълумот дода будем, ба духтарони иштирокчии курс озмуни грантњои хурди раиси ноњияи Балљувон ва Иттињодияи љамъиятии «Маърифати шањрвандї» эълон карда шуда, 9 нафар духтарон соњиби грантњои хурд гардиданд. Вобаста ба наќшаи чорабинињои Лоињаи мазкур ташкили сафари духтарони иштирокчии курс ба маркази вилояти Хатлон-шањри Ќурѓонтеппа пешбинї гардида буд. Яъне маќсад аз ташкили сафари мазкур шиносоии духтарон аз фаъолияти кории занони роњбар ва мулоќот бо муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират иборат буд. Њамин тариќ рўзи 24 майи соли љорї сафари духтарони Балљувон ба шањри Ќурѓонтеппа анљом дода шуд. Духтарон сараввал аз тарафи муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират ќабул гардида, баъдан аз фаъолияти роњбарии сардори Раёсати кор бо занон ва оила, Раёсати Агентии мењнат ва шуѓли ањолї, Раёсати љавонон, варзиш ва сайёњии вилояти Хатлон ва директорони осорхона ва китобхонаи вилоятї шинос гардиданд. Дар љараёни шиносої миёни духтарон ва занони роњбар саволу љавобњо сурат гирифта, аз тарафи занњои роњбар пањлуњои муњими санъати роњбарї, муваффаќият ва болоравии мансабї ба духтарон омўзонида шуд. Дар ќисмати нињоии чорабинии мазкур дар толори китобхонаи вилояти бо роњбарии муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират мизи мудаввар ташкил карда шуд. Инчунин дар мизи мудаввар роњбарияти Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказї-Тољикистон, ташкилоти байналмилалии USAID, намояндагони воситањои ахбори омма ва донишљўёни муассисањои тањсилоти олии касбии вилоят иштирок доштанд. Дар мизи мудаввар натиљањои татбиќи Лоињаи «Омода кардани духтарони Балљувон дар идоракунии давлатї» ва грантњои хурди раиси ноњияи Балљувон баррасї гардида, суњбати озод миёни иштирокчиёни мизи мудаввар сурат гирифт.

Татбиќи босамари чунин лоињањо дар партави дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, ки дар Паёми худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон вобаста ба баланд бардоштани маќоми занон дар љомеа ва љалби бештари онњо ба мансабњои роњбарикунандаи давлатї, сурат гирифта, наќши муњиме дар роњи баробарии гендерии сиёсати давлатии кадрњо мегузорад.

Имрўз занону духтарони мо бо таваљљўњ ба дастгирию ѓамхорињои Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар баробари мардон дар њама самтњои хољагии халќ ва пешбурди сиёсати давлатї фаъолияти пурсамар доранд, ки семинари ташкилшуда низ идомаи бомуваффаќонаи ин раванд мањсуб меёбад, иброз доштанд муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират.

Дар фарљоми мизи мудаввар аз тарафи шахсони масъул ба духтарони иштирокчї Сертификати хатми курси омўзишї ботантана супорида шуд.

Бо боварї метавон гуфт, ки сафари мазкур дар баланд бардоштани савияи дониш, љањонбинї ва малакаи кордонию роњбарии онњо наќши муносиб гузошта, њавасмандии онњоро барои иштирок дар идоракунии давлатї ва таваљљўњ зоњир намудан ба азхуд намудани донишњои муосир, зиёд мегардонад.

 

Шиносоии духтарони Балҷувон аз фаъолияти  занҳои роҳбар дар маркази вилояти Хатлон

 

 

 

 

 

 


Вернуться назад