Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > БАРГУЗОРИИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Главная > Хабар > БАРГУЗОРИИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ


27-08-2023, 21:28. Разместил: admin

Дар намоишгоҳ маҳсули ҳунарҳои дастӣ аз қабилӣ зардӯзию гулдӯзӣ ва дигар нақшу нигори миллӣ, табақтарошӣ, заргарӣ, чӯбтарошӣ ва дигар дастовардҳои ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, инчунин анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ ба маърази тамошои сокинону меҳмонони пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе, гузошта шуда буд.

     Дар гӯшаи дигари ин боғи дилоро дастовардҳои ноҳияи Балҷувон дар соҳаи варзиш ба намоиш гузошта шуда, ҳамзамон кишоварзони ноҳияи Балҷувон маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти гуштӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро бо нархҳои нисбат ба бозори истеъмолӣ арзон ба фурӯш гузоштанд.

     Қабл аз оғози қисмати фарҳангӣ дар баробари дигар шахсони расмӣ раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ суханронӣ намуда, миннатдории мардуми ноҳияи бостонии Балҷувонро ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои ташкили шароити мусоид ҷиҳати ташкили намоиши имрӯзаи аҳли заҳмату ҳунари ноҳияи Балҷувон, расониданд. 

      Иброз доштанд, ки ноҳияи таърихан кӯҳану тозабунёди Балҷувон, ки зодаи даврони истиқлол аст, дар ин муддати кутоҳ бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳое ноил гардид, ки ба садсолаҳо баробар аст. Мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофии ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла табиати зебою нотакрор, мавзеъҳои хушбоду ҳаво, растанию чашмаҳои шифобахш ҷойҳои таърихию фарҳангӣ барои рушд додани тамоми шаклҳои сайёҳӣ мусоид мебошад. Маҳз бо дар назар гирифтани ин захираю имкониятҳо бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми ноябри соли  2001 , №498 ноҳияи Балҷувон минтақаи туризми байналмилалӣ эълон гардида, рушди инфрасохтори соҳа сол аз сол такмил ёфта истодааст. Ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз мавзеъҳои табиию таърихӣ ва тамошобоби ноҳия дидан менамоянд, ки ин омил барои рушди иқтисодиёти ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, нақши муносиб дорад. 

      Дар қисмати фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорону ҳунармандони ноҳияи Балҷувон дар боғи мазкур барномаи фарҳангиву адабӣ доир гардида, аҳли фарҳанг бо суруду таронаҳои тараннумгари Ватан, Модар, Истиқлол ва Ваҳдату ягонагӣ хотири иштирокчиён ва меҳмонону сокинони пойтахтро шод гардониданд.


Вернуться назад