Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ДАСТОВАРДИ ВАРЗИШИИ ШАҲОБУДДИН МУБОРАК БОШАД
Главная > Хабар > ДАСТОВАРДИ ВАРЗИШИИ ШАҲОБУДДИН МУБОРАК БОШАД

ДАСТОВАРДИ ВАРЗИШИИ ШАҲОБУДДИН МУБОРАК БОШАД


5-10-2023, 22:26. Разместил: admin

     Боиси ифтихор аст, ки тайи солҳои охир бо ҷонибдорӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди ҷалби ҷавонону наврасон ба намудҳои гуногуни варзиш зиёд гардида, дастовардҳои беназир насиби варзишгарон гардида истодааст. Воқаен ҳам варзиш муаррифгар ва ифтихорманди ҳар як минтақа ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муаррифгари давлату миллат, мебошад.

     Бо ифтихормандӣ метавон баён дошт, ки яке аз варзишгарони муваффақи ноҳия ШАҲОБУДДИНИ ИСЛОМ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди Гуштини миллӣ дар вазни 78 кг сазовори ҷойи дуюм гардид, ки ин дастоварди варзишӣ барои тамоми сокинони ноҳия аз ин мусобиқаи бонуфузи ҷумҳуриявӣ, мояи ифтихору сарфарозист. 

     Ба хотири қадрдонии дастоварди варзишӣ имруз раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаи хотиравиро ба ШАҲОБУДДИНИ ИСЛОМ тақдим намуда, дастоварди ӯро ҳамчун туҳфаи арзишманд барои сокинони ноҳияи Балҷувон, махсусан ҷавонон, арзёбӣ намуданд. Раиси ноҳия иброз доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доимо барои дастгирию ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманд, махсусан варзишгарон омода аст ва тамоми имкониятҳоро барои пешрафти муносибатҳои иҷтимоии ҷавонон, равона менамояд.


Вернуться назад