Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > ВОХУРИИ РАИСИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН БО НАМОЯНДАГОНИ РАСМИИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ
ВОХУРИИ РАИСИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН БО НАМОЯНДАГОНИ РАСМИИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ5-10-2023, 22:30. Разместил: admin |
Ҳамзамон раиси ноҳия қайд намуданд, ки соҳаи хоҷагии қишлоқ дар пешбурди иқтисодиёти ноҳия нақши муҳим дошта, рушду нумӯи минбаъдаи он ба ин соҳа марбут аст. Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бештар ба парвариши ғалладонагӣ (аз ҷумла гандум, нахуд, ҷав), полезӣ дар заминҳои лалмӣ (тарбуз, харбуза, каду), каму беш сабзавоткорӣ (барои истеъмоли шахсӣ), боғу токпарварӣ, зироатҳои техникӣ (моҳсар, зағер), чорводорӣ ва занбуриасалпарварӣ шуғл доранд. Дар идомаи вохӯрӣ раиси ноҳияи Осмонгазии вилояти Бурсаи Ҷумҳурии Туркия Мустафа Дюндар аз пазироии самимӣ ба роҳбарияти ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда, вобаста ба мақсадҳои сафари расмӣ ибрози андеша намуданд. Қайд намуданд, ки ҷониби Туркия омода аст, ки бо ҷалби соҳибкорон дар татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, сармоягузорӣ намояд. Ҳамзамон дигар ҳамроҳони намояндагони Ҷумҳурии Туркия низ суханронӣ намуда, омодагии худро барои идома додани ҳамкориҳо ва мусоидат намудан дар раванди амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ ва саноатию истеҳсолӣ баён доштанд. Дар охир раиси ноҳия Сафарзода Бахтиёр ва раиси ноҳияи Осмонгазии вилояти Бурсаи Ҷумҳурии Туркия Мустафа Дюндар аз натиҷаи сафари корӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки дар оянда низ барои таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷударо ба роҳ мемонанд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон Вернуться назад |