Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > УСТУВОРИИ МАФКУРАВӢ ВАСИЛАИ БОЭЪТИМОДИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ
УСТУВОРИИ МАФКУРАВӢ ВАСИЛАИ БОЭЪТИМОДИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ1-11-2023, 08:53. Разместил: admin |
Лозим ба ёдоварист, ки идеологияи экстремизму терроризм тавассути мағзшӯйӣ ва истифода аз василаҳои равонию технологӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ зеҳни садҳо нафар ҷавонони ноогоҳро олуда намуда, онҳоро ба сафҳои худ ҷалб намудааст. Қувват гирифтани фаъолияти ташкилоту гурӯҳҳои экстремистию террористӣ дар солҳои охир яке аз нишонаҳои набардҳои иттилоотӣ буда, заифии чораҳои андешидашударо дар ин самт нишон медиҳад. Дар натиҷа кулли кишварҳо имрӯз бо таҳдиди воқеие рӯ ба рӯй ҳастанд, ки мустақилият ва суботу амнияти онҳоро осебпазир гардонидааст. Ягон кишвари ҷаҳон имрӯз кафолати амнияти худро аз экстремизму терроризм дода наметавонад. Он ба сифати таҳдиди ассиметрие баромад намуда истодааст, ки пурқувваттарин низомҳои амниятиро рахна намуда, манфиатҳои миллию давлатиро халалдор карда истодааст.
Идеологияи экстремизму терроризм ҳамчун низоми танзимшудаи арзишу меъёр ва ақидаю ғояҳо доимо кӯшиш менамояд, ки ба равону зеҳни ҷомеаҳо таъсир расонида, тавассути назарфиребию дуруғафканӣ ва ҳавсамандгардонӣ, онҳоро ба сафи ташкилоту созмонҳои террористӣ ҷалб намояд. Васила ва технологияҳои муассири таъсиррасонии равонӣ ва коммуникативӣ муваффақияти онҳоро дар ин самт таъмин намуда истодааст. Технологияи таъсиррасонии онҳо имкон додааст, ки на танҳо ҷавонони ноогоҳу аз диди иҷтимоӣ осебпазир, балки нафарони дар ҷомеа муваффақ ҳам ба сафҳои онҳо пайванданд. Тавассути таъсиррасонии психологӣ ва истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо тавонистаанд, ки ҷонибдорони худро пурра «коркард» намоянд. Дар натиҷа ин нафарон ҳатто тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ чун нишони садоқат ба онҳо савганд ёд кардаву супоришҳои онҳоро иҷро намудаанд. Чунин таҷрибаи номатлубро мо дар Тоҷикистон доштем.
Имрӯз низ кишварҳо, аз он ҷумла кишвари мо баҳри таҳкими фазои мафкуравии ҷомеа чораҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст. Масъалаи муқовимат ба амал ва мафкураи экстремистию террористӣ дар кулли кишварҳои ҷаҳон ба унсури таркибии сиёсати давлатӣ мубаддал гаштааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ василаҳои гуногуни муқовимати идеологӣ, иттилоотӣ ва психологиро коркард намуда истодааст, то тавонад бар ин зуҳуроти номатлуб муваффақ шаванд. Дар ин самт яке аз василаҳои таъсиррасон муқовимати идеологӣ эътироф шудааст. Бархӯрдҳо дар ин самт бошиддат идома доранд. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ, балки макони бархӯрди фаъоли қувваҳои гуногун гаштааст. Истифодаи дин ва арзишҳои динӣ, паҳн намудани ақидаҳои таҳрифшудаи динӣ ҳамчун омили сиёсӣ истифода гардида, дар натиҷа ба суботи ҷомеаҳо таҳдид эҷод намуда истодааст.
Амалияи муосири ҷаҳонӣ дар ин самт нишон медиҳад, ки олудасозии мафкураи шаҳрвандон новобаста ба синну сол сурат мегирад. Вале аз ҳама қишри осебпазир дар ин раванд ҷавонону наврасон мебошанд. Яке аз амалҳои номатлубу ғайриқонуние, ки дар ин самт вомехӯрад, ташкили таълими ғайрирасмии динӣ кӯдакону наврасон мебошад. Бархе аз ходимони дин ва шахсоне, ки худ таълимоти расмии динӣ надоранд, дар маҳалҳо тавассути ташкили таълими ғайрирасмии динӣ мафкураи кӯдакону ҷавононро бо ғояҳои тундгароии динӣ олуда намуда, боиси халалдор гардидани фазои идеологии ҷомеа гашта буданд. Ҳол он, ки дар Тоҷикистон тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таълими ғайрирасмии динӣ манъ мебошад.
Инчунин қайд намудан зарур аст, ки фаъолият дар самти зикргардида ҳамоҳангӣ ва ҳамкориро тақозо менамояд. Ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин мубориза натиҷаи муваффақонаи онро кафолат дода метавонад.
Роҳу усул ва василаҳои қавигардонии фазои мафкуравии ҷомеа бо назардошти хусусиятҳои ҷомеаи мо бояд баҳри қавигардонии мавқеи иҷтимоию сиёсии шахс мусоидат намоянд, то ин ки ягон қувва натавонад ҳамбастагии мафкуравии ҷомеаро халалдор созад. Хусусан таъмини муқовимати сазовори мафкуравӣ ба чунин амалҳо, аз қабили мағзшӯйӣ, назарфиребии сиёсӣ, дуруғафканӣ ва ваъдаи ҳавасмандгардониҳои калони молиявӣ амри зарурӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, таҳлили мавзӯи устувории мафкуравӣ ва муқовимат ба экстремизму терроризм нишон медиҳад, ки он ба сифати яке аз василаҳои боэътимоди мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони муосир баромад менамояд ва имкон дорад, ки тавассути таъмини устувории зеҳнии шахс дар масъалаи шинохт ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба муқобили паҳншавии ҳама гуна зуҳуроти ифроту терроризм муқовимат нишон диҳад.
**Нушофарин МИРЗОЕВА Вернуться назад |