Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ЧОРАБИНИИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Главная > Хабар > ЧОРАБИНИИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЧОРАБИНИИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


5-11-2023, 06:50. Разместил: admin

    Дирӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Балҷувон чорабинии бошукуҳи сиёсию фарҳангӣ бахшида ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. 

     Дар қисмати сиёсии чорабинӣ бо сухани табрикотӣ раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ баромад намуданд. Зикр карданд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, нақши барҷастаи таърихӣ дорад, ки он 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад. 

      Дар идомаи чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сафаров Бахтиёр суханронӣ намуда, тамоми мардуми ноҳияро бахшида ба ин санаи таърихӣ шодбош гуфтанд. 

      Сипас ба як қатор кормандони касбу кори гуногун, ки дар пешрафту тараққиёти ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд, сипосномаҳои раиси ноҳия тақдим карда шуд. 

       Ҳамзамон дар фазои тантанавӣ ба гирандагони стипендияи раиси ноҳияи Балҷувон идрорпулӣ супорида шуд. 

      Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия бо сурудҳои саршор аз ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолу озодӣ, хотири аҳли нишастро шод гардониданд.


Вернуться назад